Мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

мақбара дар Тоҷикистон

Мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ — оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику-форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858 941) 60 км дар қисмати шарқии шаҳри Панҷакент, дар маркази деҳаи Панҷрӯд ҷойгир аст. Он аз бинои ҳашткунҷаи хиштӣ бо ҳуҷраи якгумбаза ва галерея иборат аст. Соли 2008 ба муносибати 1150 солагии шоир оромгоҳи Рӯдакӣ бозсозӣ карда шуд. Бисёр аҷиб аст, ки мазори Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ, низ чунон Фирдавсии бузургвор то муддатҳо ношинохта монда буд ва баъдҳо замоне, ки шӯри пардохтан ба забону ҳувияти миллӣ бори дигар пайдо шуд, тавассути Садриддини Айнӣ ва дар қарни бистум аз рӯйи нишонаҳои тазкираҳову донистаҳои торихии навишташуда аз Самарқанд шиносоӣ шуд. Устухонҳои вай, ки нишонаи кӯрӣ, ки албатта ошкоро буд, ки ин кӯрӣ модарзодӣ набудааст, ёфтаҳои Айниро собит кард. Бо кашфи ин мазор оромгоҳе шабеҳ ба оромгоҳи Аттор бар болои гӯри вай сохта шуд, ки ҳамакнун дар рустои Панҷрӯд дар Панҷакант ва 170-килуметрии шимоли шаҳри Душанбе барои он сохта шуд, ки албатта масири расидан ба он ҳанӯз сахту душвор аст ва харобии роҳу ҷоддаҳо ва набуди васоили нақлияи вижа барои рафту баргашт ба он аз мавонеъи пеши рӯйи гардишгарон ва зиёраткунандагони он мебошад. Ба ҳар рӯй, будан дар он макони сарсабз ва бӯйи хуши сабзаву рӯд сармастии васфнопазиреро дар инсон падид меоварад, ки бешак дар эҷоди завқи шоъирии вай бетаъсир набудааст. Оромгоҳи Рӯдакӣ дорои шакли ҳашзилъӣ ва гунбади фирӯзаӣ дар болои он аст, ки ба дасти чанд тан аз кошикорони Нишопурӣ бозсозӣ шудааст.

Даромадгоҳ ба оромгоҳи Устод Рӯдакӣ дар Панҷакент
Мақбараи Устод Рӯдакӣ дар Панҷакент

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш

Сарчашма вироиш

  • Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон. — Душанбе, 2011