Ислом · Масҷид · Ҳаҷ

Ҷузъҳои таркибӣ:

1. Ҳаҷаруласвад 2. Дар 3. Новдон 4. Шозарвон 5. Ҳиҷри Исмоил 6. Мултазам 7. Мақоми Иброҳим 8. Рукни Ҳаҷаруласвад 9. Рукни Ямонӣ 10. Рукни Шомӣ 11. Рукни Ироқӣ 12. Чодари Каъба 13. Ҷойи истодани Иброҳим

Ҳамчунин ниг.

Бани ШайбаЗамзамҚиблаТавофУмраҲарам

Викианбор

Мақоми Иброҳим (ар. مقام إبراهيم‎) — тахтасангест, ки ҳазрати Иброҳим (ъ) ҳангоми бардоштани деворҳои Каъба ва рӯи ҳам чидани сангҳо дар он дергоҳи таърих дар болои он истодааст. Асари қадамҳои муборакаш дар он санг боқӣ монда ва он яке аз осори маҳфузмонда аз бунёдгузори хонаи тавҳид Иброҳими Халил (ъ) ва бино ба фармудаи Қуръон (3: 97) яке аз нишонаҳо ва оёти равшани Худованд дар Макка аст.

Таърих вироиш

 

Бинобар ривоятҳои таърихӣ он санг то замони Расули Худо (с) дар тарафи чапи дари Хона наздики девори Каъба будааст. Вақте шумораи ҳоҷиён сол то сол афзуд, ҳазрати Умар (р) соли 17 ҳ. пас аз ҳодисаи сели Умминаҳшал, ки Мақомро бардошта ба поёни Макка бурд, онро хеле ақибтар дар охири марзи тавофгоҳ то онрӯз наздики Боби банӣ Шайба гузошт ва дар замин муҳкам кард. Мақоми Иброҳим то қабл аз тавсиаи аввали суъудӣ ба сурати кушода – бе ҳеч гуна рӯйпӯше дар мавриди диди мардум қарор дошт, пас аз он болояш бо рӯйпӯше аз миси зард ва қуббаи зарде пӯшонида шуд ва бо пойдевори мармарӣ ба замин муҳкам карда шуд. Дар натиҷаи таъсири омилҳои табиӣ тайи ҳазорон сол дар он танҳо мавзеи ду пои бузург боқӣ монда ва асари аз ҳам ҷудои ангуштон аз он маҳв гаштааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Maḳām Ibrāhīm / Kister, M.J. // Encyclopaedia of Islam. 2 ed. — Leiden : E. J. Brill, 1960—2005.