Метрои Маскав - нақлиёти ҷамъиятии ғайри кӯчагӣ (аксаран зеризаминӣ ва қисман рӯизаминист) буда тавассути кашиши барқ ҳаракат мекунад, ки дар шаҳри Маскав ва қисман дар вилояти Маскав ҷойгир буда, таърихан аввалин ва калонтарин метро дар ИҶШС, Русия ва кишварҳои ИДМ мебошад. Метрои Маскав пас аз метроҳои Пекин, Токио, Шанхай, Сеул ва Гуанчжоу аз ҷиҳати истифода шашумин бузургтарин дар ҷаҳон аст. Аз ҷиҳати дарозии хатҳои истифода чорум дар ҷаҳон ва дар Аврупо якумин ба ҳисоб меравад. Метрополитенро Корхонаи Воҳиди Давлатии Метрои Маскав идора мекунад. Хатти аввалинаш 15 майи соли 1935 кушода шуда, аз истгоҳи Соколники то истгоҳи Охотный Ряд, Парк Культуры ва Смоленская мегузашт. Метрои Маскав аз 14 хат иборат аст, ки дарозии умумиашон дар масофаи 408,1 км бо ҳисоби дуҷониба, ба истиснои монорельс. Дар метрои Маскав 238 истгоҳ айни ҳол мавҷуд аст. 48 истгоҳ ҳамчун меъроси фарҳангӣ шинохта шудаанд ва зиёда аз 40 истгоҳҳо ёдгории меъморӣ мебошанд. То соли 2024, тибқи нақшаҳои ҳукумати Маскав, бояд боз 25 истгоҳ ва 58,1 километр хатҳои нав сохта шаванд.[9]

  • Метрои Маскав 15 майи соли 1935 сохта шудааст.
  • Соҳибмулк: Ҳукумати шаҳри Маскав
  • Таъмиргар: КВД «Метрополитени Маскав»
  • Арзиши гузаштан: 61 рубл ҳангоми хариди чипта барои як бор гузаштан (бо корти «Тройка» 46 рубл)
  • Мусофиркашони дар як рӯз: 6,67 млн (2018)
  • Мусофиркашони дар як сол: 2560,4 млн (2019)
  • Ҷоизаҳо: Ордени Ленин
  • Сайт: www.mosmetro.ru
  • Шумораи хатҳо: 14
  • Шумораи истгоҳҳо: 250
  • Дарозӣ: 408,1 км
  • Вагонҳо: 5956 вагон
  • Вагонҳо дар поезд: 3—8
  • Шумораи депо: 20
Метрои Маскав
Таърихи таъсис 1935
Логотип
Нигора
Номи расмӣ русӣ: Московский метрополитен
Номида ба шарафи Владимир Ленин
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Маскав
Аз аъзои Community of Metros Benchmarking Group[d]
Дорои Moscow Central Circle[d]
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Оператор Moskovskiy metropoliten[d]
Таърихи ифтитоҳи расмӣ 15 май 1935
Фосилаи рилҳои қатора 1520 mm track gauge[d]
Patronage 2 442 400 000 ± 50 000[1][1], 2 560 700 000[2], 2 169 434 842[3], 2 070 472 726[4], 1 900 625 491[5] ва 1 561 914 214[6]
Daily patronage 177 000[7], 2 836 000[7], 6 334 000[7], 1 000 000[8], 279 000[8], 1 500 000[8], 3 000 000[8], 4 500 000[8], 7 500 000[8] ва 8 000 000[8]
Fee 55 ₽
Дарозӣ
Вебгоҳи расмӣ mosmetro.ru(рус.)
Detail map
Montage image
KML file Template:Attached KML/Moscow Metro[d]
State of use in use[d]
Шумори пайгирон 64 197
 Парвандаҳо дар Викианбор

Нишондодҳои техники вироиш

  • Паҳмии чархҳо: 1520 мм
  • Таъминоти барқи: 825 В, релсҳои контакти
  • Суръати миёна: 40,78 км/соат
  • Суръати максимали: 80 км/соат

Мусофиркашони вироиш

Метрои Маскав аз ҷиҳати мусофиркашони бо шумори зиёди мусофирон пас аз метроҳои Пекин, Токио, Шанхай, Сеул ва Гуанчжоу қарор дорад. Дар соли 2018 мусофиркашонии хеле зиёд, дар як шабонарӯз 26 декабри соли 2014 — 9,715 млн одамро ташкил дода буд. Метрои Маскав ҳаррӯз 48 % мусофирони шаҳри Маскавро мекашонад.

Қисми ҳаракаткунанда вироиш

Метрои Маскав чун роҳи оҳани Русия 1520 мм паҳнои дорад. Барои барқрасонӣ релси сеюм истифода мешавад, ки бо шиддати 825 Волт, қувваи ҷараёни доимиро таъмин мекунад. Нақби метрои яктарафа бо диаметри 5,1 м ё росткунҷа бо андозаҳои дарунии 4,16×4,4 м сохта шудаанд. Суръати миёнаи истифодабарии поездҳо аз 46 то 72 км/соатро ташкил медиҳад.

Истгоҳҳо:

Адабиёт вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 http://www.mosmetro.ru/press/digits/?type=m
  2. http://www.mosmetro.ru/press/digits/
  3. https://data.mos.ru/opendata/62523?objectId=2641221250&isDynamic=false&filter=global_id+%3D+2641221250
  4. https://data.mos.ru/opendata/62523?objectId=2493434530&isDynamic=false&filter=global_id+%3D+2493434530
  5. https://data.mos.ru/opendata/62523?objectId=1506786069&isDynamic=false&filter=global_id+%3D+1506786069
  6. https://data.mos.ru/opendata/62523?objectId=1103068280&isDynamic=false&filter=global_id+%3D+1103068280
  7. 7.0 7.1 7.2 https://gup.mosmetro.ru/upload/iblock/264/264f860337d4edcc6529365b042c2c89.pdf
  8. 8.0 8.1 8.2 8.3 8.4 8.5 8.6 https://www.mos.ru/city/projects/metro85/
  9. https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%9C%D0%BE%D1%81%D0%BA%D0%BE%D0%B2%D1%81%D0%BA%D0%B8%D0%B9_%D0%BC%D0%B5%D1%82%D1%80%D0%BE%D0%BF%D0%BE%D0%BB%D0%B8%D1%82%D0%B5%D0%BD