Милла Йовович (русӣ: Милла (Милица) Богдановна Йовович; англ. Milla Jovovich) (17 декабр, 1975) — ҳунарпешаи синамо дар Ҳолливуд (ИМА)

Милла Йовович
Milla Jovovich
Ном ба ҳангоми таваллуд: укр. Милиця Богданівна Йовович
Таърихи таваллуд: 17 декабр, 1975
Зодгоҳ: Киев, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:
Касб: бозигари синамо, мудел, овозхон, ҳунарпешаи телевизион, мудели муд, садопеша, таҳиякунандаи иҷроӣ, гиторнавоз, шоир, таронасаро, мудели акосии шаҳвонӣ
Корнома: 1988 — то ҳол
Самт: мусиқии поп, фолк-рок[d], роки олтернатив[d] ва софт-рок[d]
IMDb: ID 0000170
millaj.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Милла Йовович 17 декабр и соли 1975 дар шаҳри Киев дар оилаи духтури кӯдакон Боргӣ Ҷовович ва ҳунарпешаи машҳури шӯравӣ Галина Логинова ба дунё омадааст. Даврони кӯдакии ӯ дар Москва ва Лондон, ки падараш дар он ҷо таҷрибаомӯзӣ мекард, гузаштааст. Милла дар ИҶШС ҳамагӣ 5 сол зиндагӣ кардааст. Соли 1979 оилаи онҳо ба шаҳри Сакраменто и ИМА мекӯчад. Дар он ҷо ҳамаи аъзои оила маҷбур мешаванд, ки забони англисиро аз бар кунанд. Милла дар синни 11 солагӣ дар муқоваи маҷаллаи итолиёвии «Lei» мебарояд. Чанде пас аксбардори машҳури амрикоӣ Ричард Аведон ба ӯ пешниҳод менамояд, ки дар маҷаллаи «Mademoiselle» суратхояшро ҷойгир кунад. Вале муҳаррири маҷалла пас аз фаҳмидани синну соли Йовович ин корро рад мекунад. Танҳо бо миёнаравии Аведон суратҳои Милла дар ин маҷалла мебароянд. Дар он сол сурати Милла дар муқоваи 15 маҷалла баромад. Баъд аз он Милла Йовович бо ширкатҳои машҳур Revlon, Hugo Boss, Guess, Calvin Klein ҳамкорӣ мекунад. Ҳаққи хидмати ӯ то ба 3 ҳазор доллар дар як рӯз мерасад. Аз соли 1998 Милла симои ширкати L'Oreal мебошад. Маротибаи аввал Йовович дар кино дар филми Залман Кинг «Слияние двух лун» (1988) иштирок варзидааст. Ӯ он вақт 13-сола буд. Дар синни 15 -солагӣ нақши асосиро дар флими «Возвращение в голубую лагуну» (1991) бозӣ мекунад. Соли 1992 дар филми «Чаплин» нақши зани Чарлӣ Чаплин — Милдред Ҳаррис ро меофарад. Дар вақти ба наворгирии «Под кайфом в смятении», Йовович бо ҳунарпеша Шон Эндрюс шинос мешавад. Онҳо моҳи октябри соли 1992 оиладор мешаванд, вале пас аз як моҳ ҷудо мешаванд.

 
Милла Йовович дар Кинофестивали Канн. соли 2006

Соли 1994 Милла нахусталбоми сурудҳояш «The Divine Comedy» («Мазҳакаи илоҳӣ»)-ро мебарорад, ки дар он суруди халқии украинӣ «Ой ӯ гаю при Дунаю» («In a Glade») низ буд. Йовович бо гурӯҳаш «Plastic Has Memory» ба Аврупову ИМА ба сафари ҳунарӣ мебарояд. Соли 1996 ӯ ба кино бармегардад ва дар кастинги филми коргардон Люк Бессон «Пятый элемент» иштирок меварзад. Пас аз чанд муддат Милла ба Бессон ба шавҳар мебарояд. Соли 1999 ӯ дар нақши Жанна Д`Арк дар филми дигари Бессон нақш меофарад ва худи ҳамон сол аз ӯ ҷудо мешавад. Соли 2000 филм бо иштироки Йовович ва Мел Гибсон«Отель „Миллион долларов“» (коргардон Вим Вендерс) баромад. Он дар фестивали Канн ҷоизаи «Хирси тилоӣ»-ро соҳиб шуд. Дар солҳои минбаъда, Милла дар се филми коргардон Пол Андерсон «Обитель зла» иштирок мекунад. Моҳи марти соли 2006 триллери «Ультрафиолет» ба экранҳо баромад.

Пайвандҳо вироиш

Инҷоро ҳам бингаред вироиш

 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
  Ҳунарпешагони ИМА
Леонардо ДиКаприо • Морган Фриман • Энтонӣ Ҳопкинс  • Зак Эфрон  • Жан-Клод Ван Дамм • Силвестер Сталлоне  • Стивен Сигал • Уилл Смит • Арнолд Швартсенеггер • Тобӣ Магуайр  • Том Круз • Долф Лундгрен • Ҷет Ли • Брюс Ли • Ҷеки Чан • Орландо Блум • Патрик Стюарт • Хю Ҷекман • Крис Эванс • Бред Пит • Ҷоннӣ Депп • Николас Кейҷ • Бен Аффлек  • Киану Ривз • Дэвид Духовни  • Мэрилин Монро   • Елизабет Тайлор   • Мэрил Стрип   • Ким Бейсингер   • Сандра Баллок   • Ума Турман   • Милла Йовович