Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»

Минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» 2 феврали соли 2009 таъсис ёфтанд. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим 200 гектарро фаро мегирад.

Ҳаҷми сармояи мустақим низ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тамоюли афзоишро касб карда, солҳои 2011 - 2015 ба 259 миллион сомонӣ баробар шудааст. Дар робита ин, солҳои 2014 — 2015 аз Буҷети давлатӣ барои нигоҳдорӣ ва инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ 10,8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар солҳои зикршуда ба Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 19,7 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо ворид шудааст. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» бошад, то соли 2015 2 cубъект ба қайд гирифта шуда, то ҳол ба фаъолият шурўъ накардаанд.[1]

МОИ-ӣ Тоҷикистон дар соли 2020 вироиш

19 феврали соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода нишасти матбуотии солонаи вазорат фаъолияти Минтақаҳои озодии иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Гуфта шуд, ки то ҳоли ҳозир (январи соли 2021) ҳамагӣ 72 ширкатҳои саноатӣ номанвис шудаанд. 30 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 25 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 11 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», 5 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва 1 себъект дар МОИ-и навтаъсиси “Кулоб”.[2]

Нигаред низ вироиш


Эзоҳ вироиш