Мирзо Абдулазими Сомӣ

Мирзо Абдулазими Сомӣ (Бӯстонӣ) (тавал. 1838, соли вафоташ номаълум) низ муаллифи “Таърихи салтанати манғития” мебошад. ӯ ҳамчун А.Дониш баъди хатми мадраса дар хидмати дарбори амири Бухоро буд. Агар Аҳмади Дониш хизматро аз замони амир Насруллоҳ сар карда бошад, Сомӣ аз замони амир Музаффар ва пас дар замони амир Абдулаҳадхон давом додааст. Сомӣ чун таърихнигор дар сафарҳои ҳарбии амирони Бухоро онҳоро ҳамроҳӣ мекард. Вай шоҳиди ҷанги байни Русияю Бухоро (соли 1868) буда, онро дар асари худ “Таърихи салтанати манғития” батафсил нишон додааст. Дар асар муаллиф тавонистааст, ки ҷаҳолат, ақибмондагӣ ва бемаърифатии амалдорону сарлашкарони амириро ба қалам дода, онҳоро масхара намояд. Сомӣ дар айёми пирӣ аз дарбори амири Бухоро ронда шуд. ӯ дар охири умр бо китобати дастхатҳо рӯз мегузаронид. Вай инчунин муаллифи манзумаи “Миръотулхаёл” (ривоятҳои аҷиб аз ҳаёти фозилон ва шоирони ҳамзамонаш), “Санъати маҳзун”, “Тӯҳфаи шоҳӣ” мебошад.[1]

Мирзо Абдулазими Сомӣ
Мирзо Абдулазими Сомӣ
Таърихи таваллуд: 1838(1838)
Зодгоҳ: Бухоро, Аморати Бухоро
Навъи фаъолият: нависанда

Манобеъ вироиш

Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011

Адабиёт вироиш

  1. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с.241