Мисраъ (Хатти ниёгон: مصرع) ё Мисроъ (Хатти ниёгон: مصراع) (калимаи араби маънояш – як табакаи дар), вохиди хурдтарини назми форс-тоҷик, як сатри шеър. Одатан ду мисраъ – байт як маънии муайянро ифода карда, дар пайвастагии хамдигар боиси дар шеър ҳосил шудани маъноҳои нав мегардад. Чунончи:

Хар ки н-омухт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омузад зи хеч омузгор.
(Абуабдуллох Рудаки)