Молибден аз калимаи юнонии «molybdоs» гирифта шуда, маънояш сурб мебошад. Азбаски минералҳои ин ду металл ба якдигар монанд буданд, ба як гурӯҳ мансубашон медонистанд. Аввалин бор кимиёшиноси швед П.Я.Гесли (с.1781), ки печи баландҳарорат дошт, бо таклифи К.В.Шееле металлро гудохт, вале пас аз 40 сол молибдени тозаро И.Я.Берселиус ба даст овард. Танҳо дар асри ХХ истифодаи молибден амалӣ гардид. Молибден металли сафеди нуқрагун буда, бо аксар хусусиятҳояш ба волфрам шабоҳат дорад, вазнин (зичиаш 10,2 г/см3), мураккабгудоз, дар 28900С гудохта шуда, дар 48850С меҷӯшад, устувор, ёзанда, кашанда ва ноқил аст. Зиёда аз 90% металли истеҳсолшуда дар металлургия, чун масолеҳи рупушкунандаи пӯлод ва хӯлаҳои махсус истифода мешавад. Молибден на танҳо бо волфрам, балки бо хром, манган, никел, ниобий омехта шуда, гудохтаҳои устувор, часпак, фарсуданашаванда ва аз зангзанӣ устувории он ба кор бурда мешавад. Инчунин дар саноати кимиёвӣ барои истеҳсоли катализаторҳо, тоза кардани маҳсулоти нафтӣ, пигментҳои гуногун (барои чинӣ ва шиша) ва маводи рупушкунананда васеъ истифода мешавад. Яке аз маводи конструксионӣ, барои истеҳсоли лампаҳои равшандиҳандаи барқӣ, асбобҳои электровакуумӣ (лампаҳои радио, генераторҳо, қубурчаҳои рентгенӣ), симҳои печҳои гармкунанда хидмат мекунад. Дар 1 тонн пӯлод 2-5 кг, дар таркиби хӯлаҳои махсус то 10 кг молибден сарф шуда, асбобҳои тезбурранда то 80 кг, зангназананда – 70 кг молибден доранд. Хӯлаҳои рупушкунии пӯлодини молибден дар саноати худравсозӣ, тракторсозӣ, авиатсионӣ ва қубурсозӣ истифода мешаванд. Пӯлодҳои обутобёфтаи молибден чун зиреҳпӯши танкҳо, дар сохтани аслиҳаи ҷангӣ (милтиқ, тапонча) ва тайёр кардани гудохтаҳою пӯлодҳои аз ҳад зиёд сахт (стеллитҳо) маводи асосӣ мебошанд. Хӯлаи «комоҳром» (Co, Mo, Cr) дар бадани инсон безарар буда, буғуму устухонҳои осебдидаро иваз мекунад.

Адабиёт вироиш

Сбор и обработка вторичного сырья цветных металлов : Учебник для вузов по специальности "Металлургия металлов" / Г. А. Колобов, В. Н. Бредихин, В. М. Чернобаев. – М. : Металлургия, 1993. – 288 с.

Инҷоро ҳам бингаред вироиш

 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Молибден дорад
  1. (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
  2. Molybdenum: molybdenum(I) fluoride compound data. OpenMOPAC.net. 10 Декабри 2007 санҷида шуд.
  3. Lindemann, A.; Blumm, J. (2009). Measurement of the Thermophysical Properties of Pure Molybdenum 3. 17th Plansee Seminar. 
  4. Lide, D. R., ed. (2005). "Magnetic susceptibility of the elements and inorganic compounds". CRC Handbook of Chemistry and Physics (PDF) (86th ed.). Boca Raton (FL): CRC Press. ISBN 0-8493-0486-5. 
  5. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4.