Музаффар Искандаров

Музаффар Искандаров (15 сентябри 1927, Конибодом — 24 апрели 1997, Хуҷанд) — муаррих, доктори илми таърих (1989), профессор (1989). Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1958). Аълочии маорифи ИҶШС (1987).[1]

Музаффар Искандаров
Таърихи таваллуд 15 сентябр 1927(1927-09-15)
Зодгоҳ Конибодом
Таърихи даргузашт 24 апрел 1997(1997-04-24) (69 сол)
Фазои илмӣ таърих

Зиндагинома вироиш

Музаффар Искандаров ДДОЛ ба номи С. М. Кировро хатм кардааст (1950). Муаллим (1952—1956), декани факултаи таърих (1965—1971), сармуаллими кафедраи таърихи ИҶШС (1989—1992), профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1992—1997). Муаллифи зиёда аз 40 тадқиқоти илмӣ, илмӣ-оммави оид ба таърихи шурохо, нақши онҳо дар сохтмони ҷамъияти сотсиалисти, нақши ХК Тоҷикистон дар тайёр намудани мутахассисони илмӣ ва ғайра. Иштироккунандаи якчанд конфронсҳои илмӣ. Бо медалхо ва ифтихорномахо мукофотонида шудааст.

Осор вироиш

Из истории сов.строительства в Таджикистане (1924—1929). — Душанбе, 1976; Из истории сов.строит-ва в Таджикистане (1929—1937). — Душанбе, 1983; Земельно-водная реформа в Северном Таджикистане. — Душанбе, 1968.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш