Осорхона

(Тағйири масир аз Музей)

Осорхона (аз юнонӣ museion - қасри музаҳо), муассисаи илмӣ ва маърифатие, ки кори гирдоварӣ, омӯзиш, нигаҳдорӣ ва ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва осори маданияти моддию маъниваиро ба роҳ мемонад.

Осорхонаи Лувр дар Париж, яке аз калонтарин ва машҳуртарин осорхонаҳoи ҷаҳон мебошад.