Муртазо Зайниддинов

Муртазо Зайниддинов (3 декабри 1954, Ворух, Исфара, ҶШС Тоҷикистон - 5 октябри 2023, Душанбе, Тоҷикистон) – филолог, номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1998).

Муртазо Зайниддинов
Таърихи таваллуд 30 декабр 1958(1958-12-30)
Зодгоҳ ноҳияи Исфара, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 5 октябр 2023(2023-10-05) (64 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Муртазо Зайниддинов факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (1981) хатм намудааст. Муҳаррири хурди нашриёти давлатии «Ирфон» (1981), лабаранти кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои ИҶШС-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1982). Аспиранти кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои ИҶШС-и ДДТ (1983-1987). Муаллими калони кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои ИҶШС (1987-1991). Соли 1990 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX» ҳимоя намудааст. Солҳои 1992-1993 ба сифати дотсенти кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои ИҶШС-и ДДТ кор кардааст. Аз соли 1993 то 1996 ба сифати дотсенти кафедраи журналистика ва адабиёти хориҷӣ ва муовини декани факултети журналистика ва тарҷумонӣ оид ба корҳои таълим ва тарбия фаъолият намудааст. Солҳои 1996-1999 дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДДМТ. Аз соли 1999 то соли 2001 Мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, аз соли 2001 то соли 2002 муовини Сардори қисми таълими ДДМТ. Соли 2002 тариқи гузариш фаъолияти кориашро дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармутахассис идома додааст. Соли 2005 тариқи гузариш ба ДДМТ баргашта то соли 2008 ба сифати Сардори идораи таълимию методӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2008 то соли 2011 дар вазифаи декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ (2011-2012), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2013-2023).

Фаъолияти илмӣ вироиш

Муалифи зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва китобу дастурҳо мебошад. Зайниддинов назария ва амалияи илмиро дар иртибот таҳқиқ намуда дар як вақт аз фанни Адабиёти ҷаҳон барои донишҷӯён дарс мегӯяд ва осору аҳволи адибони бузурги дунёро дар иртибот бо адабиёти тоҷик таҳқиқ менамояд. Мақолаву асарҳои таълиф намудаи ӯ оид ба осору аҳволи адибони халқҳои ҷаҳон Қаюм Носирӣ, Шаҳобуддин Марҷонӣ, Абдулло Туқай, Шариф Камол, Олимҷон Иброҳимов, Мусо Ҷалил, Л.Толстой, А.Пушкин, А.Гайдар, К.Паустовский, А.Чаковский, Мухтор Авезов, Алишер Навоӣ, Ҳамза Ҳамкимзода, Ғафур Ғулом, Аширмат Назаров, Т.Сотилғанов, Ч.Айтматов, Э.Межелайтес, М.Бажан, Николас Гильиен, Шота Руставелӣ, Назар Душбадзе, Сергей Есенин ва дигарон ба хонандагони тоҷик шинос буда, дар ташаккули дунёшиносии онҳо саҳм гузоштааст. Ҳамчунин З. ба ҷараёни инкишофи адабии муосир иртибот дошта, паҳлӯҳои гуногуни ҳайёту эҷодиёти С.Айни, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода, Ҳ.Юсуфӣ, А.Пирмуҳаммадзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, А.Қаҳҳорӣ, М.Ҳайдаршо, И.Файзулло, Қутби Киром, М.Ҳотам ва Садриддин Ҳасанзод дар мақолаву гузоришҳои худ мавриди арзёбӣ қарор додааст. Аз ҷониби ӯ Барномаи таълимии адабиёти иттиҳод (2005), Барномаи таълимии адабиёти хориҷӣ (2005), китоби дарсии Адабиёти ҷаҳон барои синфҳои 10-11 (2001), Дастури таълимии Таърихи адабиёти хориҷӣ (2005) нашр гардидааст. Зайниддинов чун муҳақиқи пайвандҳои адабӣ дар марказҳои илмию фарҳангии хориҷӣ низ эътироф гардидааст. Соли 1995 дар таҷлили ҷашни эпоси «Манас» дар Туркия, соли 1997 дар Конгреси VI – туркшиносони ҷаҳон дар шаҳри Оренбург, соли 2007 дар семинари байналмилалии омӯзиши тарзи ҳаёти солим дар Украина, соли 2008 дар семинари байналмилалӣ дар шаҳри Лондони Британияи Кабир иштирок намудааст. З. узви Иттиҳоди тарҷумонҳо ва ноширони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия буда дар анҷумани дуюм (2008) ва форуми шашуми байналмилаии он (2012) дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон иштирок ва суханронӣ намудааст.

Ҷоизаҳо вироиш

Зайниддинов бо унвони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1998), «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009), «Аълочии фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2010) мукофотонида шудааст. Соли 2009 сазовори мукофоти давлатии «Ордени дӯстӣ» гардидааст.

Осор вироиш

  • Машъалафрӯз – Душанбе-Маориф,1995;
  • Адабиёти ҷаҳон – ПИК «Офсет»-2001;
  • Қайюм Носирӣ. Абӯалӣ Сино – Душанбе-«Эр-граф», 2008;
  • Ёде аз бузургон – Душанбе-«Эҷод», 2010.[1]

Эзоҳ вироиш