Мурғкабоб навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Мурғро пар кандаю тоза карда, 40-50-граммӣ реза ва дар равғани доғ то сурх шуданаш бирён мекунанд. Пиёзи резаро ба он андохта, 5-6 дақиқаи дигар таф медиҳанд. Пас аз ин, ба дег помидори реза ё хамираи помидори пухта андохта, боз 2-3 дақиқаи дигар бирён мекунанду баъд ба дег каме об рехта, сарпӯш мекунанд, 15-20 дақиқа пеш аз пухтани таом намак, адвиёту кабудии резакардашударо меандозанд. Ба мурғкабоб картошка низ ҳамроҳ кардан мумкин аст. Барои ин картошкаро пӯст канда, 20-25 дақиқа пеш аз пухтани гӯшт ба дег меандозанд. Таомро ба табақ кашида, ба рӯяш кабудии резашуда мепошанд. Ба 1 мурғ, 250 г пиёз, 80 г равған, 2-3 дона помидор, 1 қошуқ хамираи помидори пухта, як бандча кабудӣ, мувофиқи табъ намак ва адвиёт лозим аст.[1]

Нигаред вироиш

Адабиёт вироиш

  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988

Эзоҳ вироиш