Муъминов Муҳаммадҷон

Муҳаммадҷон Муъминов (1.05.1901, шаҳри Марғелон – 2.04.1976, шаҳри Душанбе) — мутриб, навозанда (дутор, ғижжак) ва оҳангсози тоҷик. Ходими Хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1939).

Муъминов Муҳаммадҷон
Муҳаммадҷон Муъминов
Таърихи таваллуд 1 май 1901(1901-05-01)
Зодгоҳ Марғелон
Таърихи даргузашт 2 апрел 1976(1976-04-02) (74 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Пеша(ҳо) композитор, навозанда
Соз дутор, ғижжак
Ҷоизаҳо Ходими Хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон, ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома вироиш

Муҳаммадҷон Муъминов касби дутору ғижакнавозиро аз устодони ин пеша омӯхтааст. Солҳои 1921-24 дар ҳайати отряди савораи Қӯқанд зидди босмачиён мубориза бурда, баъди хидмат дар соҳаи санъат кор кардааст. Солҳои 1933-1938 сардирижёр ва роҳбари мусиқии Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ, 1938-1942 сардирижёри оркестри созҳои халқии Кумиати давлатии радиои тоҷик, 1942-1960 роҳбари мусиқии ансамбли созҳои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва 1960-1962 дутору ғижакнавози оркестри созҳои халқии тоҷик шуда кор кардааст. Аз соли 1962 то вафоташ нафақагири шахсӣ.

Эҷодиёт вироиш

Сурудҳои эҷодкардаи Муъминов – «Ташаккур» (Б. Раҳимзода), «Эй санам акси туро….» (Турсунзода), «Булбулон» (Лоҳутӣ), «Душмани шапарак» (Суҳайлӣ) ва ғайра; савту навоҳои созӣ: «Озод», «Табрик», «Ғунча», «Сайри гул», «Садои дутор», «Рақси дилбар», «Рақси шодӣ» ва ғ. аз қабили онҳоянд.

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олими ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 247-248. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)