Муҳаммад Муъин (форсӣ: محمّد معین30 апрели 1918, Рашт — 4 июли 1971, Теҳрон) — муҳаққиқи барҷаста, донишманд, луғатшинос, адабиётшинос ва профессори Донишгоҳи Теҳрон, узви Академияи забони форсии Эрон, узви «Ҷамъияти Осиё»-и фаронсавӣ (фр. Société asiatique; 1958). Муаллифи «Фарҳанги Муъин».

Муҳаммад Муъин
форсӣ: محمّد معین
Таърихи таваллуд тахм. 12 июн 1914(1914-06-12) ё 29 апрел 1918(1918-04-29)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 июл 1971(1971-07-04)[1]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ эроншиносӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Алма-матер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

30 апрели соли 1918 дар шаҳри Рашт таваллуд шудааст. Вай мактаби ибтидоиро дар зодгоҳаш хатм карда, таҳсили худро дар Теҳрон идома дод ва дар он ҷо мактаби миёнаи Дорулфунун — аввалин муассисаи олии эрониро, ки Амири Кабир дар соли 1851 таъсис додааст, бо муваффақият хатм кардааст. Соли 1931 Муъин ба факултаи фалсафа ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории Теҳрон дохил шуд ва онро соли 1934 бо унвони бакалавр хатм кард. Соли 1938 дар Белжик курси магистрии равоншиносии амалӣ, қиёфашиносӣ ва улуми шинохтиро таҳти роҳбарии Элмер Ноулз ба итмом расонд (англ. Elmer Knowles). Соли 1939 ба бахши докторантураи Донишгоҳи Теҳрон дохил шуда, дар он ҷо соли 1942 бо роҳбарии Иброҳими Довудпур рисолаи номзадии доктори филологияро дар мавзӯи «Таъсири зардуштия ба адабиёти форсӣ» бо муваффақият ҳимоя кард. Муъин аввалин дорандаи дараҷаи илмии доктори илм дар Эрон мебошад.

Аз соли 1942 ӯ ба ҳайси ассистент ва сипас профессори факултаи гуманитарии Донишгоҳи Теҳрон кор карда, дар он ҷо дар мавзӯъҳои нақди адабӣ ва адабиётшиносии муқоисавӣ дарс мехонд. Соли 1946 ӯ бо Алиакбар Деҳхудо дар таҳияи луғати энсиклопедии забони форсӣ «Луғатномаи Деҳхода» ҳамкориро оғоз намуда, аз моҳи феврали соли 1956 то охири умраш Комиссияи таълифи «Фарҳанги Деҳхода»-ро роҳбарӣ кард.

Соли 1951 Муҳаммад Муъин ба гурӯҳи донишмандони ҷавону боистеъдоди эронӣ, аз қабили Аббос Иқболи Оштиёнӣ, Саъид Нафисӣ, Абдулҳусайни Зарринкуб, Парвиз Нотили Хонларӣ ва дигарон аз ҷониби нашриёти ҳолландии «Брилл» ба иштирок дар лоиҳаи тарҷумаи мақолаҳо барои донишномаи бисёрҷилдаи " Энсиклопедияи Ислом " даъват мешаванд.

Солҳои 1952—1954 ӯ узви Шӯрои олии фарҳанг буд, дар омодасозӣ ва баргузории конгресси байналмилалӣ бахшида ба 1000-солагии Абуалӣ ибни Сино ва 700-солагии Насируддини Тусӣ ширкат варзид.

Дар соли 1954 Муин бо даъвати Донишгоҳи Ҳарвард ба Иёлоти Муттаҳида ташриф бурда, дар як қатор донишгоҳҳову муассисаҳои фарҳангии Амрико маърӯза кард. Худи ҳамон сол вай бо медали Академияи дастхатҳо ва санъати тасвирии Фаронса (фр. Académie des Inscriptions et Belles-Lettres барои нашри муштараки рисолаи фалсафии Носири Хусрав «Ҷамеъу-л-ҳикматайн» (pers форсӣ: جامع الحکمتین‎) мукофотонида шуд.

Соли 1963 бо даъвати Донишгоҳи Принстон ба ИМА ташриф овард.

Муҳаммад Муин 4 июли соли 1971 дар Теҳрон даргузашт. Дар шаҳри Остонаи Ашрафияи Гелон дар шимоли Эрон дафн карда шудааст.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Бузургтарини таълифоти Муҳаммад Муъин ин фарҳанги форсӣ машҳур ба «Фарҳанги Муъин» мебошад. Луғати мазкур шомили луғоти форсӣ, луғоту таркиботи арабии мутадовил дар форсӣ, луғоти аврупоӣ, ки ба тадриҷ ба форсӣ ворид шудаанд, инчунин эъломи ашхос, эъломи ҷуғрофиёӣ буда, дар шаш ҷилд ва ҳазору нуҳсад саҳифа тадвин шудааст.

Эзоҳ вироиш