Муҳиб — БАЧА́ЕВ Мордеҳай (тахаллуси адабӣ Муҳиб; 1911, ш. Марв, Туркманистон, — 2007, Петах-Тиква, Исроил), нависандаи яҳудӣ. Бо забони тоҷикӣ-яҳудӣ менавишт. Дар бачагиаш бо падару модараш ба Самарқанд кӯч бастанд. Дар он ҷо мактаби ибтидоии динии яҳудӣ(хомло)-ро хатм кард. Баъд мактаби миёнаи русӣ ва факултаи педагогии Донишгоҳи Тошкандро тамом намуд. Ба адабиёти тоҷик ва адабиёти форсӣ-яҳудӣ шавқи зиёд дошт.

Осор вироиш

  • Ғазалиёт
  • Гулдаста
  • Дар юволи сангин (дар ду ҷилд) ва ғ.

Сарчашма вироиш