Муҳриддин Низомӣ (Низомов Муҳриддин Заниддинович; 2 феврали 1973, Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012).

Муҳриддин Низомӣ
Низомов Муҳриддин Зайниддинович
Таърихи таваллуд 2 феврал 1973(1973-02-02) (51 сол)
Зодгоҳ Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Алма-матер Факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1995)
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012)

Зиндагинома вироиш

Муҳриддин Низомов 2 феврали соли 1973 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Соли 1990 мактаби миёнаи № 11 ҳамин деҳаро бо медали нуқра хатм намуда, ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро дар соли 1995 хатм кардааст.

Фаъолияти корӣ вироиш

Пас аз хатми донишгоҳ аз соли 1996 дар кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ ба ҳайси ассистент ба фаъолият шурӯъ карда ҳамзамон ҳамчун унвонҷӯи шуъбаи аспирантураи ДМТ ба пажӯҳиш машӯул мешавад.

Аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи ҷонишини декани факултети филология оид ба тарбияро ба уҳда дошт. Аз моҳи феврали соли 1998 ба вазифаи муаллими калони кафедраи таърихи адабиёти тоҷик интихоб шудааст.

Моҳи феврали соли 2004 ба вазифаи дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик интихоб шудааст. Аз моҳи сентябри соли 2007 то моҳи майи соли 2012 вазифаи ҷонишини декани факултети филология оид ба илмро иҷро намуда, аз моҳи майи соли 2012 то 31 декабри соли 2012 вазифаи директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ-ро ба уҳда дошт.

Дар солҳои 2013—2016 докторанти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ ва аз январи соли 2016 то январи 2020 досенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДМТ буд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 21 январи соли 2020 ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъйин гардид[1].

Фаъолияти илмӣ вироиш

Муҳриддин Низомӣ декабри соли 2002 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Масъалаҳои поэтикаи ғазалиёти Фаридуддин Аттори Нишопурӣ» ва дар соли 2019 рисолаи докториашро бо унвони «„Ҳафт авранг“-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ва суннати офариниши силсиладостонҳо дар адабиёти форсӣ-тоҷикии асри XV» ҳимоя кардааст.

Таълифот вироиш

Муҳриддин Низомӣ муаллифи «„Ҳафт авранг“-и Ҷомӣ ва анъанаи достонсароӣ дар асри XV» (2014), «Хусусиятҳои ғоявию бадеии маснавии „Силсилат-уз-заҳаб“-и Ҷомӣ» (2016), 10 барнома ва дастури таълимӣ, беш аз 130 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2009) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2012) мукофотонида шудааст.

Осор вироиш

  • Поэтикаи ғазалиёти Фаридуддин Аттори Нишопурӣ. — Д., 2013;
  • Маликушшуаро Баҳор. Мурғи саҳар. Мураттибон Х. Шарифов, М. Низомов. — Душанбе: Пайванд, 2006. — 110+5с;
  • Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи адабиёти Эрон. — Бо муқаддима ва таҳияву тавзеҳоти Х. Шарифов ва М.Низомов. — Душанбе, 2012. — 240с;
  • Камолуддин Биноӣ. Девон. Мураттибон ва омодагарони чоп Х.Шарифов ва М. Низомов. — Душанбе, 2012. — 701с;

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Солеҳов Қурбонбег. Обигарм (таърихи нонавишта). — Д.: Деваштич, 2006. — 302 с. — С.239;
  • Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Д.: Деваштич, 2008. — 408 с. — С.218.