Мӯсо Раҷабов (20 марти 1918, деҳаи Дарвозаи Калон, вилояти Бухоро — 13 январи 1997, Душанбе) — файласуф, доктори илмҳои фалсафа (1971), профессор (1972) Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978).

Мӯсо Раҷабов
Мӯсо Раҷабов
Таърихи таваллуд 20 март 1918(1918-03-20)
Зодгоҳ вилояти Бухоро , ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 13 январ 1997(1997-01-13) (78 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор кумитаи ҳизбии ш.Душанбе, КМ ҲК Тоҷикистон, Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии педагогии шаҳри Бухоро
Ҷоизаҳо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Ордени «Нишони Фахрӣ», Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978)

Зиндагинома вироиш

Мӯсо Раҷабов факултаи таърихи Институти давлатии педагогии шаҳри Бухороро соли 1939 хатм карда, дар сафҳои Артиши Шуравӣ (1939—1946) хидмат намудааст. Солҳои 1947—1953 лектори КМ ҲК Тоҷикистон, котиби дуюми кумитаи ҳизбии ш. Душанбе, мудири шуъбаи санъати КМ ҲК Тоҷикистон, 1953—1955 Вазири маданияти (фарҳанги) ҶШС Тоҷикистон, 1956—1960 мудири кафедраи марксизм- ленинизми Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1960—1988 ноиби ректори Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Оид ба таърихи афкори ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва фалсафии халқи тоҷик, ҷаҳонбинии адибону мутафаккирони форс-тоҷик, махсусан Абулқосим Фирдавсӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Убайди Зоконӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз шаст асару мақола навиштааст.

Осор вироиш

  • Мировозрение Убайда Зокони. — Сталинабад, 1958;
  • История общественно — политической и философской мысли таджикского народа. — М., 1960;
  • Абдурахман Джами и таджикская философия XV века. — Д., 1968;
  • Фирдоуси и современность.(Анализ мировоззрения). — Д., 1976;
  • Философские и социально — этические взгляды Амира Хусрава Дехлави. — Д., 1982.

Ҷоизаҳо вироиш

  • ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • «Нишони Фахрӣ»,
  • Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978)

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш