Набӣ Набизода рӯзноманигор, коргардон, узви Иттиҳоди байналмилалии журналистон (1999), директори Муассисаи давлатии ТВ «Синамо» (2015).

Набӣ Набизода
Набӣ Набизода
Таърихи таваллуд 1961(1961)
Зодгоҳ Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Ҷоизаҳо

Медали «Хидмати шоиста», «Аълочии радио ва телевизион», «Аълочии мабуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», барандаи ҷоизаи ба номи А.Лоҳути

Зиндагинома вироиш

Набӣ Набизода соли 1961 таваллуд шудааст. Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро дар соли 1983 бо ихтисоси коргардон (режиссёр) хатм кардааст. Ӯ аз соли 1983 дар Телевизиони Тоҷикистон фаъолитяи кории худро ҳамчун ёвари коргардони идораи адабию драмавӣ оғоз намудааст. Сипас ба ҳайси коргардони идораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мусиқӣ адои хидмат намудааст. Инчунин, ба ҳайси саркоргардон дар идораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва «Субҳ» - и Шабакаи якуми телевизони Тоҷикистон фаъолият доштаааст. Тайи чанд соли охир дар вазифаи Саркоргардони Шабакаи якуми телевизони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. аз 2-юми феврали соли 2015 то моҳи августи соли 2015 дар вазифаи сармуҳаррири идораи «Субҳ» фаъолият кардааст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» мебошад. Муаллиф ва когардони даҳҳо филмҳои мустанаду телевизионӣ, аз қабили «Нури умед», «Душанбе», «Тоҷикистон», «Нигини Бадахшон», «Макони ганҷҳо», силсилафилмҳои «Дар домани гардун», «Тоҷикистон ва эъмори ҷаҳон» ва ғайраҳо аст. Дар таҳияи барномаҳои калонҳаҷми телевизионии «Наврӯзӣ» ва солинавиҳо ва барномаҳои мустақим аз ҷашнвораҳои муҳимми сиёсию фарҳангӣ, сабқатҳои гуногуни телевизионӣ иштирок намудааст. Ҳамчун коргардон дар таҳияи барномаҳои консертӣ бо овозхонҳои машҳури дунё Л. Лешенко, Гурская, Муин, Фарҳоди Дарё, Лайлои Фуруҳар, Ю. Усмонова, Шаҷариён ва ҳунарварони маъруфи Тоҷикистон саҳмгузор аст.

Ҷоизаҳо вироиш

  • Медали «Хидмати шоиста»,
  • «Аълочии радио ва телевизион»,
  • «Аълочии мабуот» ва медалҳои соҳавӣ мукофотонида шудааст.[1]
  • «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»,
  • барандаи ҷоизаи ба номи А.Лоҳути

Эзоҳ вироиш