Наримон Бақозода (Наримон Бақоев; 26 январи 1935, Самарқанд — 26 январи 2009, Душанбе) — шоири тоҷик. Аълочии маорифи Тоҷикстон (1995), Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1995), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1974).

Наримон Бақозода
Наримон Бақоев
Таърихи таваллуд: 26 январ 1935(1935-01-26)
Зодгоҳ: Самарқанд
Таърихи даргузашт: 26 январ 2009(2009-01-26) (74 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир, драматург
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1993)

Зиндагинома вироиш

Наримон Бақозода, 26 январи соли 1936 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, рӯзноманигори маъруфи «Овози тоҷик» зода шудааст. Замони тифлии шоир дар Самарқанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон гузаштааст. Факултети таъриху филологияи УДТ ба номи В. И. Ленин ро хатм кардааст (1960). Ходими адабӣ, мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (1960—1967), мудири шуъбаи адабиёти бачагон ва наврасони Нашриёти давлатии «Ирфон» (1967—1970), таҳсил дар мактаби кинодраматургии назди Киностудияи «Тоҷикфилм», сардабири шуъбаи филмҳои ҳуҷҷатии «Тоҷикфилм», сармуҳар. Комитети давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография (1970—1974), котиби масъули маҷаллаи «Машъал» (1974—1979), муовини аввали раиси Комитети Тоҷикистнии муҳофизати сулҳ ва мудири Тоҷикистнии Хазинаи сулҳ (1974—2003)[1].

Эҷодиёт вироиш

Аз соли 2003 то охири умр ба корҳои эҷо­дӣ машғул буд. Барои кӯда­кону наврасон як силсила шеъ­ру достон офаридааст, ки дар маҷ­мӯаҳои «Гулдара» (1969), «Шеър­ҳо, афсонаҳо, чистон­ҳо» (1971), «Сурнайчӣ» (1975), «Оши ҳалол» (1978), «Чӣ хуш аст?» (1983), «Дафтари мо — кони панҷ» (1985) ва ғ. фароҳам омаданд.

Наримон Бақозода рӯҳу равони кӯдаконро мефаҳмид, ба завқашон муносиб рафтор менамуд. Асарҳое меофарид, ки завқи кӯ­дакони синни томактабӣ ва хурди мактабхонро ангехта тавонанд. Аввалин либреттои операи бачагонаи тоҷик «Хо­наи заргӯшбибӣ» (1969), драмаҳои «Бузаки ҷинги­лапо» (1975), «Бахтатро бедор кун» (1985) ва ғайраро эҷод кардааст. Киносенарияи «Пули ларзон» (ба забони русӣ), радиопйесаи «Истиқболи Барфибобо», драмаи телевизионии «Кадри ҳавоӣ» аз силсилаи намоишномаҳоеанд, ки дар саҳнаи театрҳои ҷумҳурӣ — Душанбе, Хуҷанд, Чкаловск ва ғ. ба намоиш гузошта шудаанд. Чандин асари нависандагони шӯравӣ — «Доктор Айболит»-и К. Чуковский (1984), шеърҳои С. Маршак, ҳикояву афсонаҳои А. Гайдар ва диг.-ро ба забони тоҷикӣ гардонидааст. Ба забони русӣ маҷмӯаҳои Наримон Бақозода «Хандаляк» (1969), «Ишь ты, озорной» (1974), «Что всегда слаще?» (1990), ба забони узбекӣ маҷмӯаи шеърҳои «Гулсара» (1979) ба табъ расидаанд.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», «Нишони Фахрӣ»-и Кумитаи сулҳхоҳони Олмон ба номи Жолио Кюри, медали тилои Федератсияи байналхалқии хазинаи сулҳ сарфароз гардидааст. Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикис­тон (1993) буд. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1974[2].

Эзоҳ вироиш

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013. — С.32.ISBN 978-99947-958-2-6
  2. Бақозода Наримон / Ш. Раҳмонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.

Пайвандҳо вироиш