Насрин Идибекович Идибеков (тав. 15.09.1928, деҳаи Гишхони ноҳияи Ванҷ – ваф. 1997, шаҳри Душанбе) — файласуфи тоҷик, номзади илмҳои фалсафа (1984).

Насрин Идибеков
Насрин Идибекович Идибеков
Таърихи таваллуд 15 сентябр 1928(1928-09-15)
Зодгоҳ ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 1997(1997)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Ҷойҳои кор Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Соли 1956 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1956–1958 мудири қисми илмии мактаби миёнаи ба номи В. И. Ленини ноҳияи Ванҷ, 1959–1960 директори хонаи бачагони ноҳияи Ванҷ, 1960–1962 муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи ба номи В. И. Ленини ноҳия Ванҷ, 1962–1963 мудири қисми илмии мактаб-интернати касалиҳои полимелитии ҷумҳуриявӣ дар деҳаи Қипчоқи ноҳияи Ҳисор, 1963–1966 мудири кабинет ва муаллими кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Солҳои 1966–1986 дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Ҳамзамон солҳои 1972–1976 дар аспирантураи назди шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 1987–1997 муаллими кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Муаллифи якчанд асару мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад, ки дар онҳо атрофи масъалаҳои таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ корҳои илмиву тадқиқотӣ бурдааст.

Осор вироиш

  • Шуури ҷамъиятӣ ва сохти он, Д., 1997;
  • Фалсафа (китоби дарсӣ), Д., 1997;
  • Насириддини Тусӣ дар бораи алоқаи ахлоқ ва ихтиёр // Мактаби Советӣ, №8, 1977;
  • Общественно-политическое учение Насириддина Туси // Известия АН РТ, №4, 1998.

Пайвандҳо вироиш