Наҳтулло Назаров (Назаров Наҳтулло Эмомович; 20 январи 1957, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб — 17 октябри 2020, Тоҷикистон) — доктори илмҳои кишоварзӣ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграри ва шуғли аҳолӣ, аз 17 марти соли 2005.

Наҳтулло Назаров
Таърихи таваллуд 20 январ 1957(1957-01-20) (67 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Фархор

Зиндагинома вироиш

Наҳтулло Назаров 20 январи 1957 дар ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудаст.

Корнома вироиш

Наҳтулло Назаров аз соли 1983 омӯзгор, сипас, аспирант ва раиси Иттифоқи касабаи Донишгоҳи кишоварзӣ буд, ки баъдтар сардори Раёсати кор бо ҷавонони ҳукумати шаҳри Душанбе таъйин шуд. Даҳ сол намояндаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд (2000—2010). Пас аз порлумон дар вазифаҳои раиси шуъбаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (2010—2017), муовини ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидмат (2017—2019) ва як соли ахири умр раиси дастгоҳи Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон кор кардааст[1].

Эзоҳ вироиш

  1. Sputnik Тоҷикистон. Мотам дар соҳаи кишоварзӣ: ду олим, ду амакбача дар як рӯз фавтиданд(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (17 октябри 2020). 9 ноябри 2021 санҷида шуд.