Даврони навсангӣ

(Тағйири масир аз Неолит)

Даврони навсангӣ (форсӣ: دوران نوسنگی‎), неолит (юн.-қад. νέος — «нав» + юн.-қад. λίθος — «санг») ё асри санги нав — як давраи таърихи инсоният, ки онро Ҷон Лаббок дар асри 19 ҳамчун мухолифат ба палеолит дар асри санг нишон додааст. Хусусиятҳои хоси давраи неолит олоти сангии сайқалдида ва пармашуда мебошанд.

Замони пайдоиш вироиш

Замони неолитро одатан ба 10-15 ҳазор сол тахмин мекунанд. Лекин давоми ин давраи ҳаёти инсонӣ дар ҳар маҳал ҳар ҳел будааст. Дар асоси маълумот ва мадракҳои мавҷудаи археологӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки аҳолии Осиёи Миёна дар ин давра хеле сершумор гардида, дар шароити сохти қабилавии модаршоҳӣ зиндагонӣ мекардаанд. Дар ин давра олоти истеҳсолот нисбатан мукаммал ва бехтар мегардад. Усулҳои нави асбобу олотсозӣ: сайқал додан, парма ва арра кардан, ки дар гузашта аз онҳо ҳеч асаре набуд, ба таври васеъ паҳн мешаванд. Соҳаҳои нави хоҷагӣ, аз қабили кулолӣ, зироат ва чорводорӣ низ ба вуҷуд меоянд. Мувофиқи шароити табии дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна маконҳои шикорчиёни моҳигир, шикорчиёни чорводор ё худ барзгарони ибтидои пайдо мешаванд.

Эзоҳ вироиш