Неъматулло Юлдошев

Неъматулло Юлдошев (ӯзбекӣ: Nig‘matilla To‘lqinovich Yo‘ldoshev Неъматулло Тулқинович Юлдошев; 5 ноябри 1962, Тошканд) — ходими давлатии Ӯзбекистон, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ӯзбекистон аз 2 сентябри соли 2016[6]. вакил (2015), раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Неъматулло Юлдошев
ӯзбекӣ: Nig‘matilla To‘lqinovich Yo‘ldoshev[1]
парчам
1-умин Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
аз 22 январи соли 2015
Президент Ислом Каримов
Шавкат Мирзиёев (и.м.в.)
Пешгузашта Илгизар Собиров
2 — 8 сентябри соли 2016
Пешгузашта Ислом Каримов
Ҷонишин Шавкат Мирзиёев (и.в.)
парчам
3-умин Вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон
 — 26 январи соли 2015
Президент Ислом Каримов
Пешгузашта Равшан Муҳитдинов[2]
Ҷонишин Музраф Икромов[3]
Таваллуд 5 ноябр 1962(1962-11-05) (61 сол)
Ҳизб Ҳизби демократии Ӯзбекистон «Миллий Тикланиш»[4]
Таҳсилот
Касб ҳуқуқшинос, вакил
Эътиқод ислом
Хидмати сарбозӣ
Мансубият  СССР Ӯзбекистон
Рутба Мушовири давлатии адлия 3-юм синф
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Неъматулло Юлдошев 5 ноябри соли 1962 дар Тошканд таваллуд шудааст. Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тошкандро хатм кардааст. Дар вақтҳои гуногун дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи Олмалиқ (1987—1991); муфаттиши прокуратураи ноҳияи Юнусободи Тошканд (1991—1993); муфаттиши калони прокуратураи Тошканд (1993—1994); прокурори раёсати Прокуратураи Генералии Ӯзбекистон (1994—1999); сардори шуъбаи сарраёсати тафтишотии Прокуратураи генералӣ (1999—2000); сардори Нозироти таъмини амнияти дохилии прокуратураи генералӣ (2000—2003); нозири пешбари хадамоти Мушовараи давлатии Президент оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назораткунанда (2003—2006); сардори Департаменти мубориза бар зидди ҷиноятҳои вобаста ба андоз, асъор ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноӣ бадастомадаи Прокуратураи Генералӣ (2006—2008); муовини прокурори Генералӣ (2008—2011)[7]; Вазири адлияи Ӯзбекистон (2011[8] — 2015[9]). Моҳи 20 январи соли 2015 бо фармони Ислом Каримов вакили Маҷлиси Олии Ӯзбекистон таъйин шуда[10], 22 январи соли 2015 бо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ раиси Маҷлиси Олии Ӯзбекистон интихоб гардид[11].

Пас аз марги Ислом Каримов аз 2 сентябри соли 2016 тибқи моддаи 96 Конститутсия иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон мебошад.[12].

Эзоҳ вироиш

  1. Юлдашев Н.Т. Бойгонӣ шудааст 15 май 2021  сол. (узб.)
  2. Министром юстиции стал Нигматилла Юлдашев
  3. Министр юстиции Республики Узбекистан. 7 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 марти 2016.
  4. Члены партии «Миллий Тикланиш» в Сенате. 7 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 Январ 2017.
  5. http://news.uzreport.uz/news_2_r_128567.html
  6. Путин назвал смерть Каримова тяжёлой утратой для народа Узбекистана
  7. Юлдашев Нигматилла Тулкинович. 7 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 июли 2021.
  8. Председателем Сената Олий Мажлиса избран Нигматилла Юлдашев. 7 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 августи 2016.
  9. Указ об освобождении от должности. 7 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
  10. Senat a‘zolari Бойгонӣ шудааст 18 августи 2016  сол. (узб.)
  11. Состоялось первое заседание Сената Олий Мажлиса. 7 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 сентябри 2016.
  12. ВРИО президента Узбекистана будет назначен Нигматулла Юлдашев — ИА REGNUM