Николай Петрович Горбунов (9 [21] июн 1892 ё 1892[1], Красное Село[d], губернияи Санкт-Петербург[d]7 сентябр 1938 ё 1938[1], Маскав) — ходими давлатии шӯравӣ, яке аз ташкилкунандагони илми химияи шӯравӣ, академики АИ ИҶШС (1935).

Николай Горбунов
Таваллуд 9 (21) июн 1892 ё 1892[1]
Даргузашт 7 сентябр 1938(1938-09-07) ё 1938[1]
Ҳизб
Таҳсилот
Фаъолият civil service[d][1] ва кимиё[1]
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурх
Ҷойҳои кор

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи шуъбаи химияи Институти технологии Петербург (1917). Баъди инқилоби Октябр (1917) мудири Бюрои Ахбороти Кумитаи иҷроияи марказии Умумируссия, котиби Шӯрои Комиссарони Халқӣ ва котиби В. И. Ленин. Мудири шуъбаи илму техникаи Шӯрои умумируссиягии хоҷагии халқ (1918-19), сардори Идораи корҳои Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР (аз декабри 1920), сардори Шӯрои Комиссарони Халқии ИҶШС ва Шӯрои Мудофиа ва меҳнат (аз соли 1922) ректори Омӯзишгоҳи олии техникии Маскав ба номи Н. Э. Бауман (1923-29), раиси Комиссияи илмии Кумитаи химиконии хоҷагии халқи ИҶШС (1928—1932), ҷонишини директори Институти химияи ба номи Л. Я. Карпов (1931—1933), узви Кумитаи давлатии банақшагирии ИҶШС (1931—1934), роҳбари экспедитсияи комплексии тадҳқиқоти Тоҷикистон ‒ Помир (1932—1935) буд. Ин Экспедитсия оид ба флораю фауна, хок, захираҳои энергетикӣ, базаи хӯроку сӯзишворӣ, сарватҳои табии Тоҷикистон таҳқиқот бурд. Аз соли 1935 то охири умраш котиби АИ ИҶШС буд. Николай Горбунов асосгузор (1932) ва сармуҳаррири маҷаллаи «Успехи химии» буд. Бо пешниҳоди Николай Горбунов дар маҷрои миёнаи пиряхи Федченко Пойгоҳи гидрометеорологӣ сохта шуд (1933) ва имрӯз номи ӯро дорад. Николай Горбунов баъди ҳабс (19 февари 1938) бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС ҳамчун ҷосус ба қатл маҳкум гардид. Пас аз марг сафед карда шуд (13 марти 1954). 28 майи 2002 ба поси хотири 110 — солагии Николай Горбунов дар Президиуми АИ Русия сессияи илмӣ баргузор шуд. Бо ордени Байрақи Сурх сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Горбунов А. Н. Непременный секретарь Академии. 110 лет со дня рождения академика Н. П. Горбунова// Вестник РАН, 2002, N6.

Сарчашма вироиш