1. Никоҳ (арабӣ: نكاح) заношӯӣ, издивоҷ; ақди никоҳ кардан зан гирифтан; ба никоҳи касе даровардан ба касе ба занӣ додан.

Заношӯӣ, Издивоҷ дар Тоҷикистон
« Духтаре дошт, ба никоҳи ман даровард.
»

[1]

2.Никоҳ — иттифоқи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ танзимшудаи ихтиёрона ва баробарҳуқуқи зану мард аст, ки барои бунёди оила равона шуда, барои ҳамсарон ҳуқуқу ӯхдадориҳои шахсӣ ва амволиро ба вуҷуд меорад. Нишонаҳои ҳуқуқии никоҳ - хусусиятҳои хоси дар қонун инъикосёфтаи он аст, ки ба тариқи зайланд:

- никоҳ танҳо миёни зану мард баста шуда метавонад;
- барои бастани никоҳ мавҷудияти изҳори иродаи ихтиёронаи онҳое лозим аст, ки ба никоҳ ворид мешаванд;
- никоҳ иттифоқи баробарҳуқуқ аст;
- никоҳ бояд аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шавад, яъне дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шавад;
- мақсади никоҳ бунёди оила аст, дар ҳолати баръакс, никоҳ беэътибор дониста мешавад;
- қайди никоҳ боиси пайдо шудани ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсӣ ва молумулкии ҳамсарон мегардад.[2]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ.1 А–О./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – Москва 1969, - c. 854
  2. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 345-346

Адабиёт вироиш

  1. Бертран Рассел. Брак и мораль

Пайвандҳо вироиш