Нилс Ҳенрик Абел (норвегӣ: Niels Henrik Abel; 8 августи 1802 — 6 апрели 1829, Флоранд, наздикии Арендал) — риёзидони машҳури нурвежӣ.

Нилс Ҳенрик Абел
норвегӣ: Niels Henrik Abel
Таърихи таваллуд 5 август 1802(1802-08-05)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 6 апрел 1829(1829-04-06)[1][4][3][…] (26 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ назарияи гурӯҳҳо[d] ва ҳисобон[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Соли 1821 Абел ба Донишгоҳи Осло дохил шуда, соли 1822 дараҷаи илмии номзади фалсафаро соҳиб мегардад. Зимистони 1822—1923 Абел ба донишгоҳ аввалин кори илмии назаррасеро пешниҳод мекунад, ки он ба интегронидани муодилаҳои дифференсиалӣ бахшида шуда буд.

Корнома вироиш

Соли 1823 Абел яке аз масъалаҳои қадима: дар ҳолати умумӣ (дар радикалҳо) ҳал надоштани муодилаҳои дараҷаи 5-ро бомуваффақият исбот кард. Солҳои 1825—1826 Абел ба Берлин сафар кард ва ҳамроҳи К. Г. Якоби дар пешрафти назарияи функсияҳои эллиптикӣ корҳои назаррасеро анҷом дод. Абел исбот намуд, ки муодилаҳои дараҷаашон аз 4 боло, дар ҳолати умумӣ, дар радикалҳо ҳал надоранд.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Абел яке аз асосгузорони назарияи функсияҳои эллипсӣ мебошад. Барои тадқиқоти илмиаш дар соҳаи функсияҳои абелӣ сазовори мукофоти Академияи Порис гардидааст. Соли 1828 Абел узви ҷамъияти илмии шоҳии Норвегия интихоб шуда, тадқиқоташро оид ба функсияҳои эллиптикӣ вусъат медиҳад. Куллиёти асарҳояшро соли 1839 устодаш Холмбоэ чоп мекунад. Ба шарафи ӯ дар Моҳ номи танӯрае гузошта шудааст (танӯраи Абел). Соли 2002 ҳукумати Норвегия ба шарафи 200-солагиаш Мукофоти ба номи Абелро дар соҳаи математика таъсис дод. Дар шаҳри Осло ҳайкалаш гузошта шудааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Оре О., Замечательный математик Нильс Хенрик Абель, М., 1961.

Сарчашма вироиш