Илинг (англ. London Borough of EalingБорои Лондон аз ˈiːlɪŋ , ˈiːlɪŋ ) — яке аз 32 ноҳияҳои Лондон аст, ки дар Лондони берунӣ, дар маркази кишвар Лондони Бузург воқеъ аст. Масоҳат — 55,53 км². Аҳолӣ — 339,300 нафар.

Ноҳияи Илинг
англ. London Borough of Ealing
Нишон
Нишон
Кишвар Англия
Маркази маъмурӣ Ealing[d] ва Ноҳияи Илинг
Роҳбар Julian Bell[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1 апрел 1965
Масоҳат
Вақти минтақавӣ UTC±00:00[d] ва UTC+1[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 GB-EAL
Коди телефон 020
Нишонаи почта HA, NW, UB, W ва W5 2HL[3]
Вебгоҳи расмӣ
Ноҳияи Илинг дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
Толори Таун, Илинг

Таърих вироиш

Ноҳия дар соли 1965 дар натиҷаи ҳамҷояшавии Илинг, Актон ва Саутхолл таъсис ёфтааст.[4]

Тибқи саршумории соли 2011, 339,300 нафар дар Борои Илинги Лондон зиндагӣ мекарданд. Аз ҷумла 20,4% кӯдакон (то 15 сола), 67,1% одамони синну соли қобили меҳнат (аз 16 то 64 сола) ва 12,5% одамони калонсол (аз 65 сола ва калонтар) мебошанд.

Таркиби этникӣ вироиш

Дар гурӯҳи асосии этникӣ, тибқи саршумории соли 2007 [5]:

58,9% — сафедпӯстон, аз ҷумла 45,5% — сафедпӯстони бритониёӣ, 3,9% ирландӣ ва 9,5% — сафедпӯстони дигар (лаҳистониҳо, яҳудиён, португалиҳо, испаниҳо, австралиягиҳо, сокинони Зеландияи Нав, Африқои Ҷанубӣ);

19,4% — сокинони Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла 15,0% ҳиндуҳо, 3,9% покистониҳо ва 0,5% банголиҳо;

8,7% — сиёҳпӯстонанд, аз ҷумла 4,0% — сиёҳпӯстони карибиҳо (аз Ямайка ), 4,1% сиёҳпӯстони африқоӣ (сокинони Сомали, Нигерия) ва 0,6% сиёҳпӯстони дигар мебошанд;

3,8% — метисҳо мебошанд, аз он ҷумла 1,3% — осиёгиҳои бо сафедпӯстон омехта, 1,0% — карибиҳои сиёҳ бо сафедпӯстон омехта, 0,5% африкоиёни сиёҳ бо сафедпӯстон омехта ва 1,0% дигар;

1,4% — чиниҳо;

3,9% — дигар осиёгиҳо ( афғонҳо, эрониҳо, саудиён, либиёиҳо, ашшуриён, ҷопуниҳо );

3,8% — дигарон.

Маълумоти оморӣ оид ба диндорони ноҳия, соли 2011 [6] :

Дин Илинг



</br> %
Лондон



</br> %
Англия



</br> %
Масеҳӣ 43.7 48,4 59.4
Ислом 15.7 12,4 5,0
Ҳиндуия 8.5 5,0 1,5
Сихия 7.9 1,5 0,8
Буддоия 1,2 1,0 0,5
Яҳудият 0.3 1.8 0,5
Дигар 0,6 0,6 0,4
Ғайримазҳаб 15.0 20.7 24.7
Номаълум 6.9 8.5 7.2

Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ вироиш

(Аз шимол ба ҷануб)

  • Илинги Ғарбӣ
  • Нортхолт
  • Саутхолл
  • Гринфорд
  • Перивейл
  • Ҳанвел
  • Брентхам
  • Нортфилдс
  • Илинг
  • Актон
  • Актонӣ Шарқӣ
  • Актони Ғарбӣ

Бародаршаҳрҳо вироиш

Сокинони машҳур вироиш

  • Саймон Вуттон (англ. Simon Wootton), бозингари англисӣ дар чирчирак (крикет).
  • Митч Митчелл (англ.Mitch Mitchell, номи ҳақиқӣ Ҷон Митчелл; 9 июли 1947, Илинг - 12 ноябри соли 2008, Портланд, Орегон) - нағоранвози бритониёӣ, продюсер. Бештар ҳамчун нағоранвози Jimi Hendrix Experience маъруф аст.

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш


Ноҳияҳои Лондони Бузург  
Лондон Сити · Вестминстер · Кенсингтон ва Челси · Ҳаммерсмит ва Фулҳам · Уондсуэрт · Ламбет · Саутуарк · Тауэр Ҳамлетс · Ҳакний · Ислингтон · Камден · Барнет · Илинг · Хаунслоу · Ричмонд бар Темза · Кингстон бар Темза · Мертон · Саттон · Кройдон · Бромли · Луишем · Гринвич · Бексли · Хаверинг · Баркинг ва Дагенем · Редбриҷ · Нюҳем · Уолтҳем Форест · Ҳарринги · Энфилд · Барнет · Ҳарроу · Ҳиллингдон