Ноҳияи Шаҳристон (форсӣ: ناحیۀ شهرستان‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст.

Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Шаҳристон
39°46′22″ с. ш. 68°49′59″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Суғд
Шомили 2 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Шаҳристон
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 29 августи 1990
Масоҳат
  • 1 140 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 46200[2] нафар (2022)
Зичӣ 33,8 нафар/км²
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон-сунниҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа SH
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.SH
Коди телефон +992 3445
Нишонаи почта 735800
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 02 TJ
Ноҳияи Шаҳристон дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Маркази ин ноҳия деҳаи Шаҳристон аст, ки 102 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Шаҳристон то Душанбе 240 км роҳ аст.

Ҷойгоҳ вироиш

Ноҳияи Шаҳристон бо сарзамине 1140 км² дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо шаҳри Истаравшан, дар шарқ — бо ноҳияи Деваштич, дар ҷануб — бо ноҳияи Айнӣ аз бахшҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар ғарб бо ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ҳаммарз аст.

Мардум вироиш

Мардуми ноҳияи Шаҳристон ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2015, ноҳияи Шаҳристон 38 500 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 33,8 кас дар км² буд.[3]

сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
37,5 38,5 42,7 43,7

Таърих вироиш

 
Модагурги Капитолӣ бо Ромул ва Рем

Ин ноҳия 29 августи 1990 дар бахше аз вилояти Ленинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Бахшбандӣ вироиш

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Шаҳристон 1 шаҳрак ва 2 ҷамоат дорад[4]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Шаҳристон[5]
Ҷамоат Аҳолӣ
Шаҳристон 16295
Бунҷикат 11362

Ҳукумат вироиш

Сарвари ноҳияи Шаҳристон Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шаҳристон Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Шаҳристон барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод вироиш

Ноҳияи Шаҳристон 2 корхонаи саноатӣ, 202 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 170 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 13 200 га, аз ҷумла 4 100 га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия, сабзавот, ғалла ва качолу аст[6].

Дар 9 моҳи соли 2022 корхонаҳои саноатии н. Шаҳристон, якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ, ба маблағи 29 млн 889 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 103,5%-ро ташкил медиҳад[7].

Филиали №40 Амонтабонк фаъолият мекунад[8].

Соли 2021 ҶДММ «Мурғи Шаҳристон» ифтитоҳ ёфт, ки дар он ҳудуди 25 коргар дар тӯли 45 рӯз 170 тонна гӯшт истеҳсол мекунанд. Дар корхона 80 ҳазор мурғ парвариш мешаванд[9].

Маориф ва фарҳанг вироиш

19 октябри соли 2015 дар ноҳияи Шаҳристон Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд[10].

Ноҳия дар аксҳо вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 19 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 7 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  4. Феҳристи ҷамоатҳо. UN Coordination, Tajikistan. 30 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2012.
  5. Бахшбандии вилояти Суғд. UN Coordination, Tajikistan. 30 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2011.
  6. Шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд. Спитаман
  7. Шаҳристон: биноҳои обод ва рушди истеҳсолот - СССР - Мо метавонем!. cccp.tj. 19 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 ноябри 2022.
  8. «Амонатбанк» уплатил в государственный бюджет 17 миллионов сомони налогов и обязательных платежей | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 19 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 феврали 2023.
  9. Лидер нации Эмомали Рахмон в Шахристанском районе сдал в эксплуатацию птицеводческую ферму ООО «Мурги Шахристон» | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 19 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 феврали 2023.
  10. КАЛЕНДАРЬ НИАТ «ХОВАР»: сегодня 19 октября, среда, 292-й день 2022 года | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 19 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 феврали 2023.

Адабиёт вироиш

  • Негматов Н. Н., Хмельницкий С. Г., Средневековый Шахристан — Душанбе, 1966 (Ин-т истории им. Дониша. Материальная культура Уструшаны, в. 1).
  • Пулатов У. П., Чильхуджра — Душанбе, 1975 (Материальная культура Уструшаны, в. 3).