Нуриддин Муъминов (4 апрели 1935 шаҳри Самарқанд — 31 августи 2010) — омӯзгор, энтомолог, номзади илми биология (1965). Дорандаи дипломи Хазинаи байналхалқии илм ва Академияи илмҳои табиатшиносии Русия (1993), узви Ҷамъияти умумиҷаҳонии энтомологҳо (2000). Ғолиби озмуни «Гуногуншаклии биологӣ» (1993).

Нуриддин Муъминов
Таърихи таваллуд 4 апрел 1935(1935-04-04)
Зодгоҳ шаҳри Самарқанд
Таърихи даргузашт 31 август 2010(2010-08-31) (75 сол)
Фазои илмӣ олими энтомолог,омӯзгор

Зиндагинома вироиш

Фактети биологияи УДС хатм кардааст (1957), аспиранти назди ИЗИП ба номи Е. Н. Павловскийи АИ Тоҷикистон, ход. калони илмӣ (1965—1967), дотс., ҷон. дек. ва декани фак. ҳимояи набототи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло — Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1967—1972), муд. шуъбаи таснифоти ҳайвоноти бемуҳраи ИЗИП АИ Тоҷикистон (1972—2010).

Осори илмӣ вироиш

Соли 1985 бо супориши Президенти АИ Тоҷикистон. дар Афғонистон барои анҷом додани корҳои тадқ. илмӣ ва ташкил намудани озмоишҳои биол. кумаки амалӣ расонидааст. Ба қалами ӯ зиёда аз 100 асару мақола тааллуқ дорад, ки аксари онҳо дар маҷ. ватанӣ ва хориҷӣ ба табъ расидаанд. Аз ҷумла, ӯ яке аз муаллифони «Маълумотнома оид ба ҳашароти зараррасони зироатҳо» аст, ки дар Россия ва Полша нашр шудааст. Мавзӯи тадқ. илмиаш ҳашароти зараррасон ва фоидарасони Тоҷикистон. Беш аз 700 намуди ҳашаротро дар ҷум.-ҳои Осиёи Миёна, Муғулистон, Эрон ва Афғонистон муқаррар намудааст, ки 26 намудаш дар илми муосир нахустин бор кашф гардидааст. Нӯҳ намуди ҳашароти дар илм нав ба номи ӯ номгузорӣ шудааст. Яке аз муратибони «Китоби Сурхи Тоҷикистон».

Ҷоизаҳо вироиш

Бо ордени Дӯстӣ, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ва чандин Ифтих. Фахрии соҳавӣ мукофотонида шудааст.

Сарчашма вироиш

  • Аслҳо ва наслҳо. Душанбе, 2013, с. 90