Нур Табар (Табаров Нурмуҳаммад; 15 июли соли 1941, деҳаи Ғешӣ, Орҷонкидзеобод, ҶШС Тоҷикистон — 15 августи 2022, Душанбе, Тоҷикистон) — рӯзноманигор, драматург, нависанда, ходими намоёни давлативу ҷамъиятии тоҷик.

Нур Табар
Нурмуҳаммад Табаров
Таърихи таваллуд: 15 май 1941(1941-05-15)
Зодгоҳ: деҳаи Ғешӣ, ноҳияи Орҷонкидзеобод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 15 август 2022(2022-08-15) (81 сол)
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият:
Жанр: драма, наср
Забони осор: тоҷикӣ, русӣ

Зиндагинома вироиш

Табаров Нурмуҳаммад 15 июли соли 1941 дар деҳаи Ғешии ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, соли 1970 шуъбаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии Маскавро ба итмом расонда, солҳои тӯлонӣ корманди матбуот, аз ҷумла, ходими адабӣ, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», хабарнигори махсуси рӯзномаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон, муҳаррири рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана», муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», котиби масъули ҳафтаномаи «Сухан», муҳаррири ҳафтаномаи «Навиди бозаргон», ҷонишини муҳаррири моҳномаҳои «Фарҳанг»-у «Тоҷикистон» будааст. Чанд сол вазифаҳои мудири шуъбаи тарғиботи Кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе ва мудири шуъбаи маданияти КМ ПК Тоҷикистон, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, ҷонишин ва раиси Иттиҳодияи «Тоҷиккино» ва сардори раёсати равобити байналмилалии Вазорати фарҳангро бар уҳда доштааст. Ҳоло сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» мебошад.

Солҳои 1987—1990 вакили парлумони Тоҷикистон буда, соли 2002 узви Шӯрои машваратии Академияи фарҳанги мамолики Осиёи Миёна интихоб шудааст. Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон. Узви Иттиҳодияи ходимони театр ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1983) аст.

Эҷодиёт вироиш

Нур Табар муаллифи беш аз понздаҳ маҷмӯаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳост[1]. Аз соли 1960 ба эҷоди бадеӣ шуғл варзида, то имрӯз осори мансуру драмавии ӯ дар маҷмӯаҳои «Роҳҳои дуру наздик» (1977), «Ин баҳор чӣ меорад?» (1983), «Дарёи нур» (ҳамроҳи Раҷаб Мардон; (1985), «Дар чорсӯ» (1986), «Чорсӯ» (2000) ва ғайра дастраси хонандагон гардидаанд.

Драмаи «Дар чорсӯ» (1985) дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии академии драмавии ба номи Мулло Нафаси Ашқобод, театрҳои Кӯлобу Хуҷанд саҳнагузорӣ шудааст.

Пйесаи «Мусичаро напаррон» (1987), драмаҳои таърихии "Қисмат (1997), «Дод чист, бедод чист?» («Паёми Зардушт»; 2001), «Жернова» (2003) ва фоҷиаи хурди «Тарс» (1998) дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Фонус», «Помир» ва «Тамыр» (нашрияи Созмони «Золотой век»-и Ҷумҳурии Қазоқистон) ба табъ расидаанд. Драмаи «Жернова» («Санги осиё») дар маҷмӯаи осори адибони Осиёи Миёна «Все мы, Азия, твои дети!» (2003) ҷой дода шудааст.

Драмаҳои «Кафшҳои Абулқосим» (1982), «Охота на ведьм» («Шикори аҷинаҳо»; ҳамроҳи Т. Аҳмадхонов ва С. Юрев), «Дод чист, бедод чист?» («Паёми Зардушт»; 2001), «Последний вагон» («Вагони охирин»; 2001), фоҷиаиномаҳои «Тарс» (1998) ва «Хӯсаҳо» (2003) дар Театрҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Вл. Маяковский пешкаши умум гардидаанд.

Соли 1999 Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи Толиб Шаҳидӣ «Амир Исмоил»-ро аз рӯи либреттои Нур Табар ва Низом Қосим ба саҳна гузоштааст.

Драмаи мусиқӣ-этнографии ӯ «Духтари ҳамсоя» (ҳамроҳи Ҳ. Абдураззоқов ва М. Миров) соли 2001 дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии театрҳо сазовори баҳои шоистаи ширкатварон гардидааст.

Асарҳои тарҷумонӣ вироиш

Асарҳои А. Чехов «Се хоҳарон», И. Франко «Кафшҳои Абулқосим» (ҳамроҳи Л. Сотник), А. Чхеидзе «Вақте ки шаҳр хуфта буд», М. Шатров «Лавҳаҳои инқилобӣ», «Ба пеш, ба пеш!», А. Абдулин «Вопасин падаршоҳ», Ҳ. Синкер «Аждар Мартин», Т. Зулфиқоров «Шабпарак хоб дид», С. Хонзодян «Манзили сӯхта», шеърҳои мансури И. Тургенев, романи Г. Марков «Шарбати замин» (ҳамроҳи М. Шаҳобиддинов), «Панднома»-и Абайро ба тоҷикӣ гардондааст.

Даргузашт вироиш

Нур Табаров шаби 15 августи соли 2022 дар сини 81-солагӣ даргузашт[2].

Ҷоизаву медалҳо вироиш

  • Барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
  • Корманди шоистаи Тоҷикистон.
  • Бо медали Ҷумҳурии Қазоқистон «Остона» қадрдонӣ шудааст.

Эзоҳ вироиш

  1. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". jumhuriyat.tj. 17 май 2017 санҷида шуд.
  2. Нур Табаров, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 15 августи 2022 санҷида шуд.

Сарчашма вироиш