Нӯъмон Бобоев (19 октябри 1917, деҳаи Пӯлодон, ноҳияи Конибодом — 1984) — риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика (1968).

Нӯъмон Бобоев
Нӯъмон Бобоев
Таърихи таваллуд 19 октябр 1917(1917-10-19)
Зодгоҳ ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 1984(1984)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Фазои илмӣ математика
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон»

Зиндагинома вироиш

Соли 1938 факултети физика ва математикаи Донишкадаи омӯзгории ш. Сталинободро хатм кардааст. Солҳои 1935—1936 дар техникуми тиббӣ, 1936—1937 дар курси марксизм-ленинизм аз фанҳои физика ва математика дарс гуфтааст. Солҳои 1941—1945 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат карда, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок дошт. Солҳои 1945—1947 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Конибодом, 1947—1948 котиби дуюми ҳизби коммунистии ноҳияи Конибодом, 1949—1951 котиби ташкилоти ибтидоии коммунистии комбинати маҳсулоттайёркунии ноҳияи мазкур буд. Аз соли 1951 ҳамчун муаллими математикаи элементарӣ дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Ҳамзамон пас аз ҳимояи рисолаи номзадияш дар Донишкадаи политехники Тоҷикистон дотсенти кафедраи математикаи олӣ буд. Муаллифи 10 мақолаи илмию методӣ ва ҳаммуаллифӣ як дастури методӣ аст. Оид ба такомули математика ва маърифати математикӣ тавассути инкишофи астраномия дар Шарқи Миёна ва Наздик дар асрҳои XV—XVIII кори илмӣ анҷом додааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.

Осор вироиш

  • Корҳои контролӣ аз математикаи элементарӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1964.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш