Обид Исматӣшоир, драматург, фолклоршинос, ходими ҷамъиятӣ. Узви ИН СССР (аз соли 1934). Ветерани маорифи халқ. Иштирокдори Анҷумани 1-уми нависандагони СССР.[1] (1934).

Обид Исматӣ
Обид Исматӣ
Таърихи таваллуд: 1905(1905)
Зодгоҳ: Самарқанд
Таърихи даргузашт: 15 март 1945(1945-03-15)
Маҳалли даргузашт: Сибир  Иттиҳоди Шӯравӣ
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир, дромнавис, фолклоршинос
Жанр: шеър, драма, тарҷумон
Забони осор: забони тоҷикӣ

Зиндагинома вироиш

Обид Исматӣ соли 1905, дар гузари Тошкандии шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Яке аз бунёдгузорони театри тоҷик Дар мактаби куҳна ва мактаби усули ҷадид, курсҳои омӯзгории шаҳри Самарқанд таълим гирифта (1919), дар аввалин мактаби навтаъсиси шӯравӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷикӣ дарс гуфтааст (1920-27). Дорулмуаллимини тоҷикии Тошкандро хатм кардааст (1927). Муаллим, мудири курсҳои омӯзгории Институти педагогии Самарқанд (1927-1928). Соли 1928 бо даъвати Шӯрои Вазирон ба Тоҷикистон омадааст. Котиби масъул, мудири шуъбаи Ком. Луғат ва истилоҳоти назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистон (1928-1932), ходими адабии ТДАДТ ба номи Лоҳутӣ, омӯзгор, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ИПC ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло – ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 1933-1934). Соли 1937 бо туҳмати ноҳақи аксулинқилоб ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум гардида, минбаъд бегуноҳ дониста шудааст. Обид Исматӣ 15.03.1945 дар бадарғаи Сибир аз олам даргузашт.[1]

Эҷодиёт вироиш

Фаъолияти эҷодиаш аз охири солҳои 20-уми асри XX оғоз ёфтааст. Аввалин шеъру ҳаҷвиёт ва мақолаҳои танқидиаш дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», маҷаллаҳои «Раҳбари дониш», «Мулло Мушфиқӣ», «Бигиз» ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Муғҷаҳо» (1930), «Баҳори колхозӣ» (1932), «Ашӯлаҳо» (1934), «Мо месозем» (1934), пйесаи «Танбал» (1934), ҳаҷвиёти «Алами эшон», «Хафа шуданд», «Муфтиамак», мақолаҳои адабии «Сифат дар адабиёт», «Устод Айнӣ – нависандаи халқ», «Дурдонаҳои халқро омӯзем», «Дар ҷустуҷӯи осори даҳонакии тоҷикони Самарқанд », «Самараи хуби алифбои нави тоҷик», «Як назар ба матбуоти инқилобии тоҷик ва забони он», «Мубориза барои санъати театр», «Дар бораи мусиқа», «Устод Айнӣ ва забони тоҷикӣ», «Тарҷума ва тарҷумонҳо», китобҳои дарсӣ ва васоити таълимии «Худомӯзи алифбои нави лотинӣ-тоҷикӣ» (1934), «Алифбои пешоҳанг» (1932, 1933), «Алифбои хурд» (1933), «Қоидаҳои имло» (1937), мурат. «Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик» (1934). Бисёр асарҳои саҳнавии адибони халқҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла «Муфаттиш»-и Н. В. Гогол, «Воқеаи Иброҳимбек »-и С. Ҳусейнов, «Маликаи Турандот»-и Готси, «Месӯзонем»-и К. Яшин, «Оршин мололон»-и У. Ҳоҷибеков, «Ҳалима»-и Ғулом Зафариро ба тоҷикӣ гардонидааст.[2]

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Обид Исматӣ. 14 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 май 2018.
  2. Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - С. 27 ISBN 978-99947-958-2-6

Эзоҳ вироиш