Озмоишгоҳи агрокимиёи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Озмоишгоҳи агрокимиё дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Таърих вироиш

Соли 1973 бо мақсади мукаммал гардонидани раванди таълим дар сохтори омодасозии мутахассисони агрокимиё ва хокшинос дар назди кафедраи "Агрокимиё ва хокшиносӣ" зери роҳбарии профессор А.М. Мешеряков таъсис дода шуд. Минбаъд соли 2009 дар заминаи ворид сохтани таҷҳизоти замонавии озмоишӣ азнавсозӣ карда шуда ба талаботи замони муосир баробар карда шуд.Тӯли солҳои мавҷудият озмоишгоҳи агрокимиёро профессорон Мешеряков А.М., Ҷумонқулов Ҳ.Ҷ., Эшонов И.Э., дотсентон Додоев Р.Д., Боймуродов Р.Б. ва Ҳотамов М.Т. роҳбарӣ кардаанд.Дар озмоишгоҳ кулли натиҷагирии корҳои илмии устодони кафедраи "Агрокимиё ва хокшиносӣ" амалӣ карда мешавад. Солҳои охир дар озмоишгоҳ раванди ба замона мувофиқ кардани корҳои илмӣ дар соҳаи агрокимиё, тайёр кардани биокомпостҳо муташаккил ба роҳ монда шуда истодааст.

Фаъолияти озмоишгоҳ вироиш

Дар озмоишгоҳ маҷмӯи ташхисҳои кимиёвии хок, рустанӣ ва нуриҳои маъданӣ, органикӣ, сидералӣ аз қабилӣ: ташхиси нитроген ва фосфори умумӣ дар таркиби рустанӣ ва хок, миқдори гумус, аммоний ва нитрат дар хок, фосфори ҳаракаткунанда ва калии ивазшаванда дар таркиби хок, ташхиси бофтагии рустанӣ, миқдори NPK ва дигар микроунсурҳо дар таркиби нуриҳои маъданӣ ва органикӣ, муайян кардани pH (муҳити хок) дар маҳлули обӣ ва амсоли ин гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар озмоишгоҳи агрохимия ташхис ва баҳодиҳии хусусиятҳои физикии хокҳо (массаи ҳаҷмӣ, массаи хос, масоманокӣ, сохтори агрегатӣ), дараҷаи намакнокӣ (боқимондаи хушк, ионҳои Cl-, SO42-, HCO3-, Ca2+, Mg2+, Na+ (анионҳо ва катионҳо)) ва хусусиятҳои обии хок (намиғунҷоиш, обгузаронӣ, қобилияти обро ба боло бардоштан) гузаронида мешавад. Вазифаи асосии озмоишгоҳ аз расонидани кумаки илмию амалӣ ба мутахассисони ҷавон дар кори ба роҳ мондани таҷрибаҳои илмӣ, гузаронидани дарсҳои илмию таълимӣ озмоишӣ, омӯзонидани равандҳои гузаронидани ташхисҳо иборат аст. Дар заминаи озмоишгоҳ оид ба мавзӯъҳои мухталифи илмии марбут ба ташхиси хок, рустанӣ ва нурӣ 5 рисолаи докторӣ,беш аз 25 рисолаи номзадӣ ва бештар аз 50 рисолаи дипломии мутахассис ва магистрон омода гардида то дараҷаи ҳимоя расидаанд.

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш