Оле́г Степа́нович Вя́лов (23 январи 1904, Тошканд — 1 июли 1988, Лвив, Украина) — заминшиноси шӯравӣ, академики АИ ҶШС Украина (1948), доктори илмҳои геологию минералогия (1937), профессор (1941).

Олег Вялов
Таърихи таваллуд 23 январ 1904(1904-01-23)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1 июл 1988(1988-07-01) (84 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ заминшиносӣ ва paleontology[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои геологӣ ва минералӣ[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Дӯстии халқҳо ордени «Нишони Фахрӣ» Medal "For the Defence of Leningrad" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Мукофоти сталинӣ State Prize of Ukraine in Science and Technology Honored Scientist of Ukraine
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи Ленинград (1928). Солҳои 1927-33 ходими Кумитаи геология (баъдтар Институти умумииттифоқии таҳқиқоти илмии геология) ва 1933-48 роҳбари Институти умумииттифоқии таҳқиқоти илмии нафту иктишофи геологӣ буд. Дар Қафқоз, Устюрт, Фарғона, депрессияи Тоҷикистон ва қисмҳои дигари Осиёи Марказӣ, Камчатка, баъдтар дар Карпат таҳқиқоти экспедитсионӣ анҷом додааст. Олег Вялов иштирокчии нахустин экспедитсияи АИ ИҶШС дар Арктика буд (1955-56). Дар бахши геологияи минтақавӣ, палеонтология, стратиграфия, тектоника, гидрология, оид ба муаммоҳои ҳудудҳои ҷудогона (мас., Фарғона, депрессияи Бухоро, Карпат, Син-Сзян) ҷиҳати мавҷуд будани нафт 390 асари илмӣ навиштааст. Олег Вялов дар давраи ҶБВ (1941-45) дар Осиёи Миёна, аз ҷумла водии Фарғона таҳқиқот карда, бо роҳбарии вай харитаи умумии Фарғона оид ба сохти геологӣ ва ноҳияҳои нафтдори Осиёи Миёна таҳия гаштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳнишастҳо, давраҳои палеогену неогенро омӯхта, тарҳи палеогениро тартиб додааст.

Ҷоизаҳо вироиш

Олег Вялов узви фахрии бисёр ҷамъиятҳои илмии шӯравӣ ва хориҷӣ буд. Барои таҳқиқоти геологии ноҳияҳои нафтдори Фарғона бо Мукофоти давлатии ИҶШС (1947), орденҳои Ленин, «Нишони Фахрӣ» ва якчанд медал сарфароз гардидааст.

Осор вироиш

  • Следы жизнедеятельности организмов и их палеонтологическое значение. Киев, 1966.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Биографический словарь деятелей естествознания и техники. Т. 1. М., 1958.

Сарчашма вироиш

Шаблон:Geologist-stub