Орзу Исо

рӯзноманигор, шоир ва таронанавис

Орзу Исо (Исоев Орзухон Ҷангиевич; зод. 14 октябри 1976, Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — рӯзноманигор, шоир, таронанавис ва блогери тоҷик. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2009).

Орзу Исо
Орзу Исоев
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Исоев Орзухон Ҷангиевич
Таърихи таваллуд 14 октябр 1976(1976-10-14)
Зодгоҳ Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Пеша рӯзноманигор, шоир, таронанавис, блогер
Вебгоҳ facebook.com/isoevo

Зиндагинома вироиш

Орзу Исо 14 октябри 1976 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, дар Қӯрғонтеппа бузург шудааст[1]. Дар чаҳорсолагӣ падару модараш аз ҳам ҷудо мешаванд ва ҳар яке оилаи нав барпо мекунанд[2]. Хатмкардаи факултети рӯзноманигории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар соли 2013 мебошад[1].

Фаъолият вироиш

Замони донишҷӯ буданаш соли 2000-ум аввал ба ҳайси рассом ба телевизиони Хатлон кор даромада, баъд як сол ба ҳайси муҳаррир ба кор қабул гардид[3]. Баъдан дар телевизиони давлатии «Тоҷикистон», «Сафина», як муддат дар «Тоҷикфилм», радиои «Имрӯз» фаъолият карда, айни ҳол дар ТВ «Сафина» ва радиои «ASIA-Plus» фаъолият дорад.

Орзу Исоев баъди телевизионро тарк карданаш барномаи «Ногуфтаҳо»-ро дар YouTube мебарад[4].

Хонавода вироиш

Соли 2002 бо Маҳбуба Шарифова оиладор шуда[5], соҳиби се фарзанд: ду писар ва як духтар аст[6].

Эҷодиёт вироиш

Таронаҳои Орзу Исоро хонандаҳои маъруфи Тоҷикистон, амсоли «Нагӯ-нагӯ»-и Нозияи Кароматулло, «Ту бигӯ ошиқамӣ»-и Нигина Амонқулова, «Сабад-сабад»-и Муҳаммадрофеъи Кароматулло, «Ҷойи ту холӣ»-и Садриддин Наҷмиддин, «Ошнои гумшуда»-и Юлдуз Усмонова, «Сояҳо»-и Ҳабиб Ҳакимов, «Кифоя нест»-и Меҳрнигори Рустам, «Танҳоӣ»-и Шабнами Сурайё, «Ҳамсоябача»-и Нигора Холова сароидаанд[7].

Намунаҳо аз ашъор вироиш

Он сӯи ёдҳо

Он суи ёдҳо,
Он ҷо, ки баргро хабар аз тирамаҳ набуд,
Гул хоки раҳ набуд,
Шабҳош бе шаҳомати рухсори маҳ набуд,
Як фард лобалои чаҳорсолагии ман,
Бо исмати рубоби наҳифе
Оҳанг менавохт.
Оҳанги ҳаҷр буд,
Ҳаҷри фариштаҳо.
Ҳаҷри сурури сабз,
Ҳаҷри чаковак аз тани девори кӯдакӣ,
Ҳаҷри баҳор аз дили ночори кӯдакӣ.
Сахт аст, эй маҷид,
Бо чашми хеш дидани овори хешро.
Бо дасти баста бурдани кулвори хешро.
Сахт аст, агар лобалои чаҳорсолагӣ агар,
Он фарди хушнавоз
Отифаро ба мех биовезаду равад.
То баъди си баҳор, ки аслан хазон буд,
Дар ҷустуҷӯи қофилаҳо дар ба дар шавад.
Оҳ, ай Худо, чи гуна тавонам, ки баъд аз ин
Дар лобалои исмати як фарди ношинос
Он вожае, ки ҳеч ба сери нагуфтамаш,
Дар ҷамъи панҷ ҳарф
Аз дил ба дар шавад,
Яъне падар шавад!?

Синамо вироиш

Нахустин кори Орзу дар синамо филми “Чашмаи модар” буд, ки бо ҳамроҳи коргардон Абдулҳай Зокиров сохтанд. Дар ин филм дар баробари муаллифи филмнома Орзу боз муаллифи чанд шеър низ буд. “Барачаи хаёлӣ" филми дигаре буд, ки Орзу дар он кор кардааст, нақши аслиро низ дар ин филм Таманно духтари Орзу бозӣ карда буд[8].

Ҷоизаҳо вироиш

  • «Корманди шоистаи телевизион ва радиои Тоҷикистон» (2009).
  • «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2019).

Осор вироиш

  • Орзу Исо. Дар пардаҳои атласии нури офтоб (шеърҳо), — Душанбе: «Эҷод», 2009. — 52 с. — ISBN 998-99947-39-83-7
  • Орзу Исо. Таронаи танҳоӣ (Маҷмӯъаи ашъор), — Душанбе: «Адиб», 2012. — 64 с. — ISBN 998-99947-2-253-2
  • Орзу Исо. Он суйи ёдҳо, — Душанбе: «Эр-граф», 2015. — 220 с. — ISBN 998-99975-46-38-8

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 От журналистов до математиков. Кто они, современные молодые поэты Центральной Азии. asiaplustj.info. ASIA-Plus. 12 ноябри 2021 санҷида шуд.
  2. Орзу Исоев: Чеҳраҳои сиёсиро барои худ қаҳрамон интихоб накардаам // Хабаргузории «Озодагон». 9 апрели 2015, 10:24
  3. Орзу Исоев: Ман боре ҳам ришва нагирифтаам // «Фараж».(пайванди дастнорас) 15 марти 2014, 15:28
  4. Орзу Исоев о самоцензуре в Youtube и сексе в поэзии. Подкаст «Новые медиа». Выпуск #2(рус.). YOUR (25 ноябри 2020). 13 октябри 2021 санҷида шуд.
  5. Орзу Исоев: Аз хурофотпарастии мардум нороҳат мешавам(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 25 октябри 2021 санҷида шуд.
  6. ОРЗУ ПУЛПАРАСТ АСТ? // Медиа-холдинг «Чархи Гардун»(пайванди дастнорас). 12 январи 2012, 09:27
  7. Орзу Исоев: «Интиқод бояд ҳодиёна бошад, на ғаразмандона!» // Сомонаи мустақили чамъиятиву сиёсии Рӯзгор. Бойгонӣ шудааст 23 октябри 2021  сол. 19 июли 2013, 16:02
  8. Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 13 январ(тоҷ.), BBC Tajik/Persian (14 Январ 2012). Проверено 6 Январ 2022.