Юрий Осипов
Юрий Сергеевич Осипов - (тав. 1936 Русия) Доктори илмҳои физика ва риёзиёт 1972, профессор (1975). Академики АИ ИҶШС (1987), Академияи илмҳои Россия. Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1997). Президенти Академияи илмҳои Россия (1991 – то имрӯз).
Таърихи таваллуд | 7 июл 1936[1] (87 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | control theory[d][2], ҳисоби дифференсиалӣ[d][2], stability theory[d] ва theory of differential equations[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d][1] (1971) |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Nikolai Krasovsky[d] |
Шогирдон | Arkadiy Kryazhimskiy[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома вироиш
Юрий Сергеевич Осипов Донишгоҳи давлатии Урал ба номи А.М.Горкийро хатм кардааст (1959). ихтисос- «механика ва раванди идора», узви вобаста, 1984).
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: назарияи математикии идора, муодилаҳои дифференсиалӣ ва таълиқоти онҳо. Мудири озмоишгоҳ (1972-1986), мудири шуъбаи муодилаҳои дифференсиалӣ (1978-1986), директори (1986-1993) Институти математика ва механикаи Шуъбаи Урали АИ ИҶШС. Мудири кафедраи идораи муносиби факултаи математикаи ҳисоббарорӣ ва кибернетикаи ДДМ (1992 – то имрӯз). Директори Институти математикаи ба номи В.А.Стеклови АИР (1993-2004). Раиси Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Федератсияи Россия дар соҳаи илм ва техника (1992 – то имрӯз). Раиси комиссияи байниидоравии коинот. Узви Шӯрои амнияти Федератсияи Россия (1997).
Ҷоизаҳо вироиш
- Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат,
- «Нишони Фахрӣ»,
- «Барои хидмат баҳри Ватан» дараҷаҳои 1, 2, 3, ва мукофотҳои дигар тақдир шудааст.
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ФР (1993), Ҷоизаи Ленин (1976), ҷоизаи Демидов (2010).
- Бо медали тилои ба номи Л.Эйлер (АИР, 1997), медали тилои ба номи А.Эйнштейн (2002) сарфароз гардидааст.[3]
Эзоҳ вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |