О́скар Андре́евич Ба́клунд (16 (28) апрел 1846, Карлстад, Шветсия 16 (29) августи 1916, Пулково, Русия) — ахтаршиноси руси шведитабор; академик-ординарияи ахтаршиносии АИ императории Санкт-Петербург (1883), директори Саррасадхонаи ахтаршиносии Николаевск дар Пулково (18951916).

Оскар Андреевич Баклунд
Johan Oskar Backlund
Таърихи таваллуд 28 апрел 1846(1846-04-28)
Зодгоҳ Карлстад, Швеция
Таърихи даргузашт 16 (29) август 1916(1916-08-29) (70 сол)
Маҳалли даргузашт Пулково, Российская империя
Кишвар
Фазои илмӣ ахтаршиносӣ[1]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Hugo Gyldén[d][3]
Ҷоизаҳо Медаль Кэтрин Брюс (1914)
Шаблон:Золотая медаль Королевского астрономического обществаЗолотая медаль Королевского астрономического общества (1909)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи Упсала (1872), ассистенти Расадхонаи Стокголм (1872–76), ахтаршинос-мушоҳидагари Расадхонаи Дерпт (1876–79), адюнкт-ахтаршиноси Расадхонаи Пулково (1879–87). Аз соли 1895 то охири умр директори Саррасадхонаи ахтаршиносии Николаевск (Пулково) буд.

Корҳо вироиш

 
О. Баклунд дар Пулково

Асосан дар соҳаи механикаи осмонӣ таҳқиқот анҷом дода, ҳаракати зузанаби кӯтоҳдаври Энкеро омӯхтааст. Камшавии мунтазами даври гардиши онро дар гирди Офтоб натиҷаи муқовимати муҳити байнисайёравӣ, ки дар натиҷаи дучоршавии даврӣ бо сели шиҳобҳо ба вуҷуд меояд, маънидод намудааст. Барои хидматҳои шоистаи ӯ дар таҳқиқоти кометаи Энке АИ Петербург онро кометаи Энке–Баклунд ном ниҳод. Яке аз аввалинҳо шуда массаи нисбатан саҳеҳи Мирриху Зуҳраро муайян кард. Дар экспедитсияҳои омӯзиши гирифт (кусуф)-и Офтоб ва ченкунии дарозии камони меридиан дар ҷаз. Шпитсберген иштирок кардааст. Узви Ҷамъияти ахтаршиносии подшоҳии Лондон, узви вобастаи АИ Париж, узви ифтихории Ҷамъияти ахтаршиносии Россия ва як қатор ҷамъиятҳои дигар.

Яке аз танӯраҳои Моҳ ва сайёраи хурде ба ифтихори Баклунд номгузорӣ шудаанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

Сарчашма вироиш