Петер Андреас Грӯнберг (олмонӣ: Peter Andreas Grünberg; 18 май 1939[1][2][3][…], Плзен, Plzeň-City District[d][3][6]7 апрел 2018[4][5][3][…], Jülich[d], Рейн-Вестфалияи Шимолӣ[5]) — физикдони олмонӣ, мутахассиси соҳаи физикаи ҷисми сахт.

Петер Грюнберг
олмонӣ: Peter Grünberg
Таърихи таваллуд 18 май 1939(1939-05-18)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 7 апрел 2018(2018-04-07)[4][5][3][…] (78 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик[3] ва Ҷоизаи Нобел[3]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори фалсафа[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Stefan Hüfner[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Баъди ба Олмон кӯчидан (1959) аз соли 1962 дар Донишгоҳи Франкфурти лаби Майн ва Донишгоҳи техникии Дармштадт таҳсил кардааст. Солҳои 1966-69 таҳти роҳбарии Штефан Гюфнер хусусиятҳои тайфи (спектроскопи)-и ақиқҳои нодирро омӯхта, соли 1969 унвони доктори илмҳои фалсафаро гирифт. Сипас, се соли дигар дар Донишгоҳи Карлтони Оттава кор кард. Аз соли 1972 чун корманди илмӣ дар Маркази таҳқиқотии Юлих фаъолият намуд. Петер Грюнберг аз лаҳзаи ба нафақа баромадан дар маркази мазкур бо таҳқиқоти хусусиятҳои электронии ҷисми сахт машғул буд. Петер Грюнберг яке аз аввалин шахсоне буд, ки хусусиятҳои пардаҳои тунукро омӯхтааст. Ин соҳаи таҳқиқот, ки хусусиятҳои спинии маводро меомӯзад, спинтроника номида мешавад. Натиҷаи ин таҳқиқотҳо барои сохтани лавозимоти электронии хурдҳаҷм имкон дод. Соли 1976 Петер Грюнберг робитаи мутақобилаи антиферромагнитиро дар қабатҳои оҳан ва хром ошкор кард. Дар охирҳои соли 1987 Петер Грюнберг қариб дар як вақт бо Абер Ферт ҳодисаи муқовимати бузурги магнетикҳоро ошкор кард, ки бо ёрии он гунҷоиши зарфиятҳоро дар курсҳои сахти магнитӣ якбора калон кардан имконпазир гашт. Усули кори аксар саракҳои сабткунӣ/хониш то соли 2007 ба ин ҳодиса асос ёфта буд. Барандаи ҷоизаи Нобел (2007) дар соҳаи физика.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш