Пйер Гамарра (фр. Pierre Gamarra; 10 июл 1919, Тулуза — 20 майи 2009, Аржантей) — нависандаи фаронсавӣ.

Пйер Гамарра
фр. Pierre Gamarra
Таърихи таваллуд: 10 июл 1919(1919-07-10)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 20 май 2009(2009-05-20)[2][3][4] (89 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда, мақоланавис, мунтақиди адабӣ, нависандаи кӯдакон, French Resistance fighter, насрнавис, нақд, тарҷумон
Забони осор: фаронсавӣ[2]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
pierregamarra.com(фр.)
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Зиндагинома вироиш

Аввал омӯзгор (1948) баъд муҳаррири маҷаллаи «Европа» буд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ узви Ҳаракати Муқовимати Фаронса шуд. Пйер Гамарра фаъолияти эҷодиашро аз ҳикоянависӣ барои кӯдакон оғоз намуд. Нахустин асари Пйер Гамарра романи «Хонаи оташин» (1947) соли 1948 дар шаҳри Лозанна (Швейсария) сазовори шоҳҷоизаи байналмилалӣ гардид. Пйер Гамарра муаллифи романҳои «Фарзандони қашшоқ» (1950), «Зан ва дарё» (1951), «Ёси Сен Лазар» (1951), «Розали Брусс» (1953), «Муаллими мактаб» (1955), «Зани Симон» (1960) ва ғ. мебошад. Пйер Гамарра асарҳояшро бештар барои насли наврас таълиф мекард. То ҳол ҳикоя, шеърҳо ва суруди «Портфели ман»-и Пйер Гамарра-ро дар мактабҳои Фаронса ба талабаҳо меомӯзонанд. Пйер Гамарра ба адабиёту ҳунари классикӣ ва муосири тоҷик таваҷҷуҳи хос дошт. Ӯ ба тарҷумаи фаронсавии «Марги судхӯр» тақриз навишта, ба эҷодиёти С. Айнӣ баҳои баланд додааст.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Гамарра Пьер // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. 2.0 2.1 2.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 3.0 3.1 Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
  4. Архив изобразительного искусства — 2003.

Адабиёт вироиш

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д. 1988;
  • Большая советская энциклопедия. Т. 6, М. 1971.

Сарчашма вироиш