Пйетро ди Готтардо Гонзаго

Пйетро ди Готтардо Гонзаго (Гонзага) (итол. Pietro di Gottardo Gonzago (Gonzaga), 25 март 1751[1][2][3][…], Longarone[d], Veneto[d][4] ё Longarone[d], Veneto[d][5][5]6 август 1831[6][7] ё 25 июл 1831[5], Санкт-Петербург[4][5]) — наққош, ороишгари театр, меъмор ва теоретики санъати итолиёӣ.

Пйетро ди Готтардо Гонзаго
итол. Pietro di Gottardo Gonzago (Gonzaga)
Иттилооти асосӣ
Мамлакат
Таърихи таваллуд 25 март 1751(1751-03-25)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 6 август 1831(1831-08-06)[6][7] (80 сол) ё 25 июл 1831(1831-07-25)[5] (80 сол)
Маҳалли даргузашт

Зиндагинома вироиш

Дар хонаводаи наққоши ороишгар ба дунё омадааст. Дар Венетсия таҳсил карда (1765), зери таъсири сабки рассомон А. Каналетто, Ҷ. Теполо асарҳо офаридааст. Аз соли 1772 дар назди бародарони рассом-стенографист — Галлиари дар Милан ҳунар омӯхта, дар театрҳои Милан, Рим, Парма, Венетсия кор кард. Соли 1792 бо даъвати княз Н. Юсупов ба Санкт-Петербург омада, ба ҳайси ороишгари театрҳои императорӣ фаъолият намуд. Корҳои Гонзаго на танҳо бо зебоӣ, балки бо ҷилваҳои фазоии воқеии ҳайратангез, ки бо усулҳои хаёлию дурнамо офарида шудаанд, мафтункунанда мебошанд. Гонзаго дар театрҳои Санкт-Петербург ва Маскав чандин намоишномаро ороиш додааст. Аз соли 1992 дар лоиҳакашии боғи «Англия»-и Павловск ширкат варзида, манзараҳои ҷолибе кашидааст. Дар ин ҷо аз рӯи ангораҳои ӯ айвону толорҳои кохро бо нақшунигори муҳташам оро доданд. Гонзаго ба мусаввирони русу хориҷӣ аз ҳунари рассомию ороишгарӣ дарс додааст. Солҳои 1800—1817 як қатор асарҳои назариявӣ таълиф намуд, ки бархе аз онҳо соли 1807 дар нашриётҳои Санкт-Петербург бо забони фаронсавӣ нарш шудаанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш