Плинийи Калон, Гай Плиний Секунд (Gaius Plinius Secundus) (23, 24, Комум, ҳозира Комо—79), нависанда, олим ва арбоби давлатии Рим. Дар музофотҳои тобеи Рум будаи Германия, Галлия, Испания ва Африка хидмат кардааст; дар Мизен армондеҳи флот буд ва ҳангоми оташфишонии вулқони Везувий ҳа-лок гардид. Муаллифи «Таърихи табииёт» ном асарест, ки аз 37 китоб иборат аст. Ин асар як навъ энсиклопедияи донишҳои илмию табиат-шиносии атиқа ба шумор меравад. Маълумотҳоро оид ба астрономия, географияи табиӣ, метеорология, эт-нография, антропология, зоология, ботаника, хоҷагии қишлоқ ва ҷангал, тиб. минералогия, металлургия ва ғ. пайваста бо хикоятҳои фантастикӣ, ривоятҳои хурофотӣ, латифаву мутоибот дар бар мегирад. To a. 17 чун маъхази донишхо дар бораи табиат нстифода мешуд. Таълифоти таърихци П. то замони мо нарасидаанд. Асарҳои таърпхии П.-ро Тацит дар осори таърихиаш истифода намудааст.

Плинийи Калон
лот. Caius Plinius Secundus
Таърихи таваллуд: на пештар аз 23 и на дертар аз 24
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 79[1][2][3][…]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, муаррих, табиатшинос, ходими низомӣ, шоир, файласуф, ҳунаршинос, Хизматчии давлатӣ, фармондеҳи низомӣ
Забони осор: лотинӣ[6][7] ва забони юнонии бостон
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Лу нкевич В. В., От Геракли-та до Дарвина, т. 1, М., 1960.
  • Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.