Пору[1] — нурии органикиест, ки одатан аз ахлоти ҳайвонот ва омехтаҳои дигар таркиб ёфтааст.

Поруи асп дар чарогоҳ

Истифодабарӣ вироиш

Поруро ҳамчун нурӣ аз замонҳои қадим инҷониб истифода мебаранд. Пору дар хоҷагиҳои деҳқонии то замони инқилоб нурии асосӣ буд. Дар СССР бо вуҷуди афзудани истеҳсоли нуриҳои минералӣ ҳар сол ба киштзор тақрибан 500 млн тонна нуриҳои органикӣ асосан пору меандохтанд. Поруро махсусан хоҷагиҳое, ки парвардахона ва гармхона доранд ба миқдори зиёд барои тайёр кардани компост истифода мебаранд.

Таркиб вироиш

Дар таркиби пору нитроген ва ҳамаи элементҳои ғизоии барои рустанӣ зарур ҳастанд. Моддаҳои органикии пору (қисми асосии моддаҳои хушки ин нурӣ) таркиби хок, режимҳои об ва ҳаво, хосияти физикию кимёии хокро беҳтар мекунад. Ca ва Mg-е, ки дар таркиби пору ҳастанд, дараҷаи туршии хокро паст мекунанд, микроорганизмҳои судманд мебошанд, фаъолияти биологии онро вусъат медиҳанд. Пору яке аз манбаъҳои CO2 мебошад, ки синтези моддаҳои органикии рустаниро метезонад. Таъсири пору ба ҳосил якчанд сол давом мекунад.

Таркиби кимиёӣ вироиш

Таркиби тахминии (коҳ) поруи тару тоза, %% (поруи омехта — поруи ҳайвоноти гуногун)

Намуди ҳайвонот Об Тарк.
орган
Азот,
N
Фосфор,
P2O5
Калий,
K2O
Калсий,
CaO
Магний,
MgO
Чорвои калон 77,3 20,3 0,50 0,23 0,59 0,40  
Аспҳо 71,3 25,4 0,77 0,28 0,63 0,21  
Гӯсфандон, Бузҳо 64,6 31,8 0,83 0,23 0,67 0,33  
Омехта[2] 0,5 0,25 0,6 0,35 0,15

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 О – Я (нашри дувум).Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. – Душанбе 2010, — c. 115 — ISBN 978-99947-69-39-1
  2. Мамченков, 1974.

Сарчашма вироиш