Прага (чехӣ: Praha) пойтахт ва бузургтарин шаҳри Ҷумҳурии Чехия аст ва дар шимолу ғарби Чехия дар канори рӯйи рӯдхонаи Влтава бино шудааст. Масоҳати шаҳр 500 километри мураббаъ аст ва дар он 1 241 664 нафар (омори соли 2012) зиндагӣ мекунанд. Нахустин сокинони дараи Влтава қабилаи Килтҳо буданд, ки ҳудуди 500 соли пеш аз милод дар ин маҳал сукунат мекарданд.

Прага
Praha
Нишон Парчам}
Кишвар: Чехия
Вилоят:
Ноҳия:
Замони таъсис: қарни 9
Марказ:
Координатаҳо:
Иқлим:
Масоҳат (га): 496 км²
Паҳноӣ(км):
Дарозӣ (км):
Аҳолӣ, ҳазор нафар: 1 241 664 нафар (2012)
Коди телефонӣ: +420
Нишонаи почта:
Вақт:
[[Акс:|center|300px]]

таърих вироиш

Прага дар қарни 9 милодӣ ба василаи шоҳзода Борживой I, ки наздики рӯдхонаи Влтава қалъа худро сохт, бунёд шудааст. Шоҳзода Борживой I аз хонадони Пржемисл буд ки аз шаҳри Levý Hradec ба маркази Боҳемия омад. Хонадони Пржемисл аз хонаводаи ашрофзодаҳо буданд, ки аз қарни 9 то соли 1306 дар кишвари подшоҳии Чехия ҳукумат карданд. Шоҳзода Владислав I писари шоҳзодаи Борживой I буд, ки соли 921 ба сохтани ибодатгоҳи ба номи Георгии муқаддас дар наздикии қалъа оғоз кард.