Пӯлод Абдуллоев (Абдуллоев Пӯлод Абдуллоевич; 1906, қишлоқи Кӯлканд, ноҳияи Исфара1983, ҳамон ҷо) — ходими давлатӣ.

Пӯлод Абдуллоев
Таваллуд 1906(1906)
Даргузашт 1983(1983)
Ном ҳангоми таваллуд Абдуллоев Пӯлод Абдуллоевич
Ҷоизаҳо
Ордени Ленин Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ» Ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома вироиш

Аз оилаи деҳқон. Фаъолияти кориаш аз 12-солагӣ шурӯъ шуд. Соли 1924 ба сафи комсомол дохил шуда, курсҳои мактаби партиявию советӣ ва педагогии Самарқанд (1925 – 26), Университети коммунистии Осиёи Миёна (1932), курсҳои олии сохтмони советии назди КИМ-и СССР (1937), Мактаби олии ташкилотчиёни партиявии назди КМ ВКП (б) (1942 – 43)-ро хатм кардааст. Солҳои 1927 – 28 котиби Комитети комсомолӣ, 1928 – 31 раиси комиҷроияи ноҳияи Исфара, 1933 – 36 ҷонишин, баъд раиси комиҷроияи ноҳияи Ҷиликӯл, соли 1938 котиби Комиҷроияи шаҳри Душанбе, баъд парторги КМ ПК (б) Тоҷикистон, 1938 – 40 раиси Суди олии республика, 1940 – 43 котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон, 1943 – 61 вазири назорати давлатии республика ва ҷонишини раиси Комиссияи назорати советии Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон Аз соли 1961 нафақагири шахсӣ.

Мукофоту орденҳо вироиш

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, 4 ордени «Нишонаи Фахрӣ», медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Хотира вироиш

Дар зодгоҳаш нимпайкара ва кӯчаеро ба ёдбуди Абдуллоев гузоштаанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш