Рада (форсӣ: «رده»‎) – ягоне тактикӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ, ки аз ду гурӯҳ (6 — 12 сарбоз) ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст; гурӯҳ[1]; отделение[2].

Ягонҳои размӣ
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
Гурӯҳ 2—5 Размовар
Рада 5—10 Размдор
Таҳм 10—50 Таҳмбон
Вашт 50—150 Сарвашт
Гурдон 150—700 Саргурд
Ҳанг 700—1 500 Сарҳанг
Гунд 1 500—5 000 Гундсолор
Лашкар 5 000—20 000 Лашкарсолор
Сипоҳ 20 000—40 000 Сипаҳсолор
Артиш 40 000 + Артишсолор

Радаҳо бахше аз таҳмҳои пиёдагон (пиёдагони мутурӣ), тирандоз (тирандози савора), ҳавобурди чатрбоз, туфангдорони дарёӣ, парведорӣ, муҳандисии размӣ, иртиботу мухобирот ва дигар таҳмҳо ҳастанд ва 6 — 12 сарбозро дар бар мегиранд[2].

Вожашиносӣ вироиш

 
Намоди стандарти НАТО барои рада

«Рада» (порсии миёна: radag > порсии бостон: ratakрада, роста’ > эронии бостон: *rata-ka- > ҳиндуэронӣ: *4ar- : r̥- «рост кардан; дар як рада рост кардан, оростан, созгор кардан»[3]) ба маънии «сафф, қатор, раста» дар «Шоҳнома» бисёр ба кор рафтааст[4]. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Сипаҳро рада баркашида бимонд,
Худу номдорону гурдон биронд[5].

Рада баркашида сипоҳаш ду мил,
Ба дасти чапаш ҳафтсад жанда пил[6].

Пешина вироиш

Рада ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) ташкил шудааст. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён, ки бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон дода шуд буд, аз даҳ сарбоз як даҳа ташкил мешуд, ки ба порсии бостон: «*daθa-» [даҳа] номида ва сардораш «*daθapati-» [даҳабад] хонда мешудааст[7].

Ин даҳа дар сипоҳи Ашкониён (соли 250 п.м.224), ки созмони радабандии даҳдаҳиро аз сипоҳи Ҳахоманишиён ба ирс бурда буд[8], ба паҳлавӣ: «radag» номида шудааст[9].

Ҳамин истилоҳи низомӣ дар сипоҳи Сосониён (224651 милодӣ) низ ба кор мерафтааст. Дар сипоҳи Сосониён бузургтарин ягони размӣ «gund» (гунд)[10] ном доштаву фармондеҳашро «gund-sālār» (гундсолор) мехондаанд[11]. Ҳар гунде аз чанд «drafš» (дирафш) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме ҳазор сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду «wašt» (вашт) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт. Ҳар ваште аз чанд «tahm» (таҳм)[12] созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд «radag» (рада)[13] ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш «drafš-sālār» (дирафшсолор)[11], фармондеҳи вашт «wašt-sālār» (ваштсолор)[11], сардори таҳм «tahmdār» (таҳмдор)[14] ва сардори рада эҳтимолан «*radagbān» (радабон) номида мешуд. Фармондеҳи сипоҳ «spāhbed» (сипаҳбад) хонда мешуд[15]. Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи шоҳаншоҳии Сосонӣ «artēštārān-sālār» (артишдоронсолор) номида мешуд[16][17].

Дар деворнавиштаҳое ба забони порсии миёна аз солҳои 253 – 255 милодӣ, ки дар канисаи яҳудии шаҳри бостонии Дура-Европос бозёфт шудаанд, ибораҳои «дабири рада» (порсии миёна: dibīr-ī radag) ва «дабири таҳм» (порсии миёна: dibīr-ī tahm) бозхонӣ шудаанд[18]. Чун сипоҳи Сосониён бар бахшбандии даҳдаҳӣ созмон ёфта буд[19] ва ягонҳои бузурге чун гунд ва сипоҳ «дабири гунд» (порсии миёна: *gund-dibīr) ва «дабири сипоҳ» (порсии миёна: *dibīr-ī spāh) доштаанд[20], гумон меравад, ки «рада» хурдтарин ягони размӣ будааст[21].

Бино бар ҳамин далоил, «рада» баробари истилоҳоти русии «отделение» ва инглисии «squad» ниҳода шуда, ки хурдтарин ягонҳои размӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳастанд.

Корбурди радаи пиёдагон вироиш

Радаҳои пиёдагони мутурӣ, тирандози савора ва пиёдагон барои анҷоми амалиёти офандӣ ва падофандӣ дар таркиби таҳм пешбинӣ шудаанд. Ҳангоми анҷоми амалиёти парведорӣ, роҳпаймоӣ ва посбонӣ радаҳо метавонанд мустақилона амал кунанд.

Раба вобаста ба вазъият пиёда ё бо худравҳои зиреҳпӯш (худравҳои размии пиёдагон, сарбозбарҳои зиреҳпӯш) амалиёт анҷом медиҳад. Ҳангоми анҷоми амалиёти пешравии пиёда, рада занҷирвор паҳн мешавад ва ороиши размии занҷираӣ мегирад. Ҳангоми амалиёти падофандӣ рада аз ҷабҳае ба паҳнои то 100 метр дифоъ мекунад[2]. Ҳангоми амалиёти офандӣ радаҳо масъули анҷоми амалиёт дар ҷабҳае ба паҳнои 50 метр ҳастанд[22].

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 161. 4 сентябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  2. 2.0 2.1 2.2 Коллектив авторов. Том 6, статья «Отделение» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — С. 181. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.
  3. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6. ҷ. 3, с. 1438.
  4. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 143.
  5. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5. — c. 363
  6. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, саҳ. 115
  7. W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975, p. 87
  8. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  9. Ilkka SYVÄNNE * (University of Haifa, Israel) Parthian Cataphract vs. the Roman Army 53 BC-AD 224
  10. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
  11. 11.0 11.1 11.2 Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  12. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 5 сентябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
  13. Дмитриев В.А. Военная разведка в сасанидском Иране: организация деятельности и источники информации // Вестник Нижегородского университета им. Н.И. Лобачевского. 2016. № 1. С. 9–22. Прим. 12 на стр. 18

    ... Впрочем, из среднеперсидских эпиграфических источников середины III в. н.э. (граффити в Дура-Европосе, датируемые 253 г.) известно о существовании армейских писцов (видимо, более низкого ранга, нежели dabīr-i sipāh), называвших себя dibīr-ī tahm и dibīr-ī radag [24, c. 244; 25].

  14. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 145. сн. 18

    В документе Nov 280 из архива Старой Нисы фигурируют два лица, носящие звание tgmdr («начальник тагмы»), состоящее из двух частей – др.-греч. «τάγμα» («легион») и парф. «dār» («начальствующий»). Предполагается, что это звание – калька с римского военного термина в греческой передаче «τάγματάρχος» ‘начальник легиона’, появившееся в парфянском военном лексиконе как раз в связи с депортацией воинов Красса в восточные районы Парфии, где они были организованы в отряды под началом парфянских тагмадаров и, в том числе, трудились на сельскохозяйственных работах [Дьяконов, Ливщиц 1966: 148 – 152]. Кстати, слово «тагма» в пехлевийской форме tḥmy как обозначение воинского подразделения зафиксировано в надписи, оставленной сасанидскими солдатами в синагоге Дура-Европос [Луконин 1987: 266, примеч. 62].

  15. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4
  16. W. Sundermann. ARTĒŠTĀRĀN SĀLĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, p. 662
  17. Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. М., 1961. С. 291
  18. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 5 сентябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
  19. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  20. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 53
  21. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360-464.
  22. «Боевой устав воздушно-десантных войск. Часть III. Взвод, отделение». — М.: ВоенИздат, 1983. — С. 149-152. — 213 с.