Радиоинтерферометр

Радиоинтерферометр (аз ра­дио… ва интерферометр) — афзорест ба­рои мушоҳидаи астрономӣ; аз ду антеннае иборат мебошад, ки дар масофаи Д (база) ҷойгир шуда, байни худ бо хати алоқаи кабели, мавҷбар ё хати алоқаи ретранслятсионӣ алоқаманд аст.

Радиоинтерферометр ВСРТ дар расадхонаи Вестерборки (Ҳоланд)

Сигналҳоеро, ки антеннаҳо қабул мекунанд, бо хати алоқа ба воридаи афзори қа­булкунаки умумӣ дода, таҳлил ва сабт менамоянд. Радиоинтерферометр барот дарёфти координатаҳои манбаъҳои радиоафканишот, омӯхтани табиат ва дар фазо тақсимшавии радиоафканишот, ҳамчунин барои муайян кардани паҳноиши радиомавҷҳо истифода ме­шавад. Аз Радиоинтерферометр барои назорати ҳаракати радифони маснӯи Замин, ракетаҳои байниқитъавию стансияҳои ав­томатик байнисайёравӣ низ истифода мебавднд.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Томпсон Р., Моран Дж., Свенсон Дж. Интерферометрия и синтез в радиоастрономии / Под ред. Л. И. Матвеенко. — М.: Мир, 1989. — 568 с. — 1 220 экз. — ISBN 5-03-001054-8, ББК 22.64.v

Пайвандҳо вироиш