Радиофи́зика — як фасли физи­ка аст, ки асосҳои физикии радиотехника ва соҳаҳои ба он муштараки техникаро меомӯзад.

Антеннаи радиотелескоп

Радиофизика ба тадқиқоти равандҳое, ки бо лаппишҳои электромагнитӣ ва диапазони радиомавҷӣ алоқаманданд (масалан, ангезиш, паҳноиш, қабул кардан ва табдил додани басомади онҳо, ҳамчунии ҳодисоте, ки аз таъсири мутақобили пайдоиҳои электриву магнитӣ бо зарядҳои дар вакууму модда вуҷуддошта ба амал меоянд), машғуласт.

Усулҳои кори радиофизикаро дар соҳаҳои гуногуни илм ва техника — радиоастрономия, радиоспектроскопия, электроникаи квантӣ, геофизика ва ғайра васеъ истифода мебаранд

Нигаред низ вироиш

Сарчашма вироиш