Разиюлло Абдуллозода

Разиюлло Абдуллозода (13 марти 1912, Истаравшан — 19 феврали 1995, ҳамон ҷо) — адиб, омӯзгори тоҷик. Тахаллуси адабиаш «Расмӣ».

Разиюлло Абдуллозода
Тахаллусҳо: Расмӣ
Таърихи таваллуд: 13 март 1912(1912-03-13)
Зодгоҳ: Ӯротеппа
Таърихи даргузашт: 19 феврал 1995(1995-02-19) (82 сол)
Навъи фаъолият: нависанда
Ҷоизаҳои адабӣ: Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Разиюлло Абдуллозода 13 марти соли 1912 дар шаҳри Иcтаравшани вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) ба дунё омадааст. Техникуми иқтисодию саноатии Тошкандро соли 1930 ва Институти давлатии педагогии Душанберо соли 1941 хатм намудааст. Аз соли 1930 то охири умр дар Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент, Омӯзишгоҳи педагогии Истаравшан ва мактаби ба номи Горкийи шаҳри Истаравшан омӯзгор буд. Дар матбуот мақола, шеъру ҳикояҳо, асарҳои публитсистӣ менавишт.

Разиюлло Абдуллозода 19 феврали соли 1995 аз олам даргузаштааст.

Эҷодиёт вироиш

Мураттиби китобҳои «Зарбулмасал ва мақолҳо дар асарҳои С. Айнӣ» (1958), «Ашъори мунтахаб»-и Лутфӣ Обидхоҷаев (1959), «Маҷмӯаи шеърҳо»-и Ноил Шерзода (1961), «Луғати мухтасари адабии тоҷик» (1973, барои мактабҳои миёна), «Ибораҳои халқӣ» (1974) ва ғайра Абдуллозода омӯзгори носеҳу пандомӯзи ҷавонону калонсолон буд (маҷмӯаҳои «Панди Оқилӣ», 1982; «Футувватнома», 1994; «Хӯшаи пурбор», 1992 ва ғайра). Маҷмӯа «Ёде аз айёми гузашта» (1983), қиссаи «Шогирди усто» (1992) аз нигоштаҳои адабии ӯянд.

Ҷоизаҳо вироиш

  • Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 22 ISBN 978-99947-2-379-9

Сарчашма вироиш