Рауф Додобоев (Додобоев Рауф Додобоевич; 13 декабри 1924[1], деҳаи Қистакӯз, ноҳияи Хуҷанд, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 30 декабри 2001, Душанбе, Тоҷикистон[2]) — ходими ҳизбӣ ва давлатӣ. Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Муаллими хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1974). Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1974—1986).

Рауф Додобоев
Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон
1974 — 1986
Пешгузашта Рустамбек Юсуфбеков
Ҷонишин Абдулбашир Рашидов
Таваллуд 13 декабр 1924(1924-12-13)
Даргузашт 30 декабр 2001(2001-12-30) (77 сол)
Дараҷаи илмӣ номзади илм
Ҷоизаҳо
Order of the Patriotic War ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Дӯстии халқҳо ордени «Нишони Фахрӣ» Order of Glory Third Class
Набардҳо

Зиндагинома вироиш

Рауф Додобоев 13 декабри 1924 деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Хуҷанд дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Хатмкарддаи курси яксолаи омӯзгории Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод[3]. Соли 1942 ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуд. Курсанти мактаби миномётчиёни Маскав ва фармондеҳи дастаи разведкачиёни полки 315-уми гордӣ дар маҳалли Нижний Днепр буд. Дар амалиёти ҷангии ҷабҳаҳои Степной, Воронеж, Украина дар самтҳои Курск-Орёл, Яссо-Кишенёв, озодкунии шаҳрҳои Харков, Кировоград, Кривой Рог, ҳамчунин Маҷористон, Булғория, Молдавия ширкат дошт.

Соли 1953 факултети таъриху фплологияи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кард ва дар худи ҳамон ҷо ба кор пазируфта шуд. Соли 1962 Академияи илмҳои ҷамъиятии КМ ҲК шаҳри Маскавро хатм ва рисолаи номзадӣ химоя кард.

Корнома вироиш

Сардори идораи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Вазорати маорифи халқ (1962–1963), мудири шуъбаи идеология, илм, фарҳанг, тарғибу тарвиҷи КМ ҲК Тоҷикистон (1963–1974), Вазири маорифи халқ (1974–1986), дотсенти кафедраи Институти марказии такмили ихтисоси муаллимони Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон (1986–1993). Аз соли 1993 раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон.

Дар съездҳои 15, 16, 17 ва 18-уми ҲК ҶШС Тоҷикистон аъзои КМ ҲК Тоҷикистоя интихоб шуд. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 6, 7, 8 ва 9).

Таълифот вироиш

Муаллифи чандин асарҳо дар мавридитарбияи коммунистии ҷавонон. Яке аз муаллифони монографияи «Тоҷикистон дар шароити сотсиализми мутараққӣ».

Ҷоизаҳо вироиш

Бо орденҳои Шараф (дараҷаи 3), «Ҷанги Ватанӣ» (дараҷаи 2), «Дӯстӣ», «Нишони Фахрӣ», ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, 6 Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Муаллими хидматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 6,7,8,9).

Некдошт вироиш

Барои гиромидошти ёди ӯ дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мактаби миёнаи № 38 ба номи Рауф Додобоев гузошта шудааст.[4]

Эзоҳ вироиш

  1. Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 декабря 2021 года. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus. 21 Декабри 2021 санҷида шуд.
  2. Дадабаев Рауф Дадабаевич. www.polkrf.ru. 21 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 Декабри 2021.
  3. Коллеҷи омӯзгорӣ. old.hgu.tj. ДДХ. 21 Декабри 2021 санҷида шуд.
  4. МТМУ №38. bg-maorif.tj. 21 Декабри 2021 санҷида шуд.

Адабиёт вироиш

  • Додобоев Рауф // Гавҳарак — Ирланд. — Д. : СИЭСТ, 1980. — С. 312. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 2).