Раҳимҷон Каримович Ҳасанов (24.07.1955, ш. Кӯлоб)[1] — доктори илмҳои сиёсатшиносӣ (1997), профессор (1999).

Раҳимҷон Ҳасанов
Раҳимҷон Каримович Ҳасанов
Акс:(тасвири шахсият,фақат номи парванда)
Таърихи таваллуд 24 июл 1955(1955-07-24) (68 сол)
Зодгоҳ Кӯлоб , ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Фазои илмӣ сиёсатшиносӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои сиёсатшиносӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (1977) аст. Солҳои 1977-1982 дар Димишқ (Сурия) ҳамчун тарҷумони ҳарбӣ хидмат намуда, 1982-1986 муаллими кафедраи коммунизми илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1986-1988 мудири шуъбаи КМ ЛКСМ Тоҷикистон, 1988-1990 котиби кумитаи ҳизбии н. Фрунзеи (ҳоло н. Сино) Душанбе, 1990-1993 аспиранти Академияи идоракунии назди Президенти Русия, 1993-1995 мушовири калони сафири Тоҷикистон дар Русия, 1995-1997 докторанти Академияи хадамоти давлатии назди Президенти Русия буд. Аз соли 1998 профессори ҳамин Академия ва ҳамзамон мушовири калони директории генералии яке аз комплексҳои давлатии саноатию илмии Русия мебошад. Аввалин доктори илм аз Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои дипломатии байналмилалист, ҳамзамон дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даврони истиқлол мавриди сиёсати хориҷӣ, ҷанбаҳои дохилию хориҷии низоъҳою ихтилофоти солҳои 90-ум дар ҷумҳурӣ ва роҳҳои танзими онҳо мавриди баррасӣ қарор додааст. Бобати идеяи умумияти мусулмонӣ дар фаъолияти Ташкилоти конфронси исломӣ, саҳми Ташкилоти конфронси исломӣ дар системаи нави муносиботи байналмилалӣ таҳқиқоти судманд анҷом додааст.

Осор вироиш

  • Организация исламской конференции в новой системы международных отношений. – М., 1996.[2]

Эзоҳ вироиш

  1. Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, прогноз погоды на 24 июля (Азия Плюс) http://news.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-sobytii-prognoz-pogody-na-24-iyulya(пайванди дастнорас)
  2. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.